Роҳёбии тими футболи соҳилии Эрон ба ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонӣ бо шикасти Имороти мизбон
(last modified 2024-02-23T10:00:01+00:00 )
Феврал 23, 2024 15:00 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи соҳилии Эрон
    Тими миллии футболи соҳилии Эрон

Тими миллии футболи соҳилии Эрон бо шикасти Иморот, ба ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Футболи соҳилӣ расид.

Тими миллии футболи соҳилии Эрон

 

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2024 -и футболи соҳилии Иморот, тимҳои миллии Эрону Иморот ба масофи ҳам рафтанд, ки ин дидор дар поён бо натиҷаи 2 бар як ба суди Эрон ба поён расид то соҳилибозони Эрон бо ин пирӯзӣ роҳии марҳалаи ниманиҳоӣ шаванд.

Тими миллии футболи соҳилии Эрон бо ин пирӯзӣ ба ҷамъи чаҳор тими бартари дунё роҳ ёфт ва ҳарифи Бразилия дар ниманиҳоии ин мусобиқот шуд.

Муҳаммади Маъсқмизода ва Амири Мирҷалилӣ (дарвозабон) барои Эрон голзанӣ карданд.

Пеш аз дидори тимҳои миллии Эрону Иморот, тими Бразилия тавонист бо ғалаба бар Ҷопон, ба ниманиҳоӣ бирасад.

 

Барчасп