Апрел 06, 2024 13:13 Asia/Dushanbe
  • Номаи Эрон ба Шӯрои амният дар пайи ҳамлаи террористии ахир дар ҷануби шарқи Эрон

Сафири Эрон дар Созмони милал дар пайи ҳамлаи гурӯҳи террористии ҷайшулзулм дар Систон ва Балӯчистон (ҷануби шарқи Эрон) аз Шӯрои амнияти Созмони милалихост, ин иқдомоти шанеъро маҳкӯму тадобири муносиб дар ростои тааҳҳудоти худ дар мубориза бо терроризм иттихоз кунад.

Амир Саиди Ереванӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал дирӯз (ҷумъа) дар номае ба Шӯрои амнияту дабири кулли Созмони милал, навишт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ин гуна иқдомоти манфӯру ваҳшиёнаи террористиро ба шиддат маҳкӯм ва бар тааҳҳуди тазалзулнопазири худ барои итминон аз муҳокима ва посухгӯ кардани масъӯлони он таъкид мекунад.

Вай афзуд, бо таваҷҷуҳ ба дасти тулонии иқдомоти хушунатомезу террористии гуруҳи террористии ҷайшулзулм, ки таҳти ҳимояти бархе кишварҳои хориҷӣ ас , алайҳи ғайринизомиёну коркунони бегуноҳи эронӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Шӯрои амният мехоҳад, ки ин иқдомоти шанеъи террористиро ба шиддат маҳкӯм карда ва тадобири муносиб дар ростои тааҳҳудоти худ нисбат ба мубориза бо тероризм дар тамомии ашколу мазоҳири он иттихоз кунад.

Ереванӣ тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки худ мустақиман мутаҳаммили паёмадҳои фоҷеъабори терроризм буда бар тааҳҳуди тазалзулнопазири худ барои раҳбарии мубориза бо ин балои хонумонсӯз собит қадам аст.

Вай ҳамчунин дар поён аз раиси Шӯрои амният хост, ки ин номаро ба унвони санади Шӯрои амнияту Маҷмаи умумии зайли банди 109 дастури кор таҳти унвони «иқдомот барои аз байн бурдани терроризми байналмилалӣ» сабт ва тавзеъ кунед.

 

Барчасп