Ҳушдори фармондеҳи кули артиши Эрон ба Амрико дар бораи табаъоти ҳимоят аз Исроил
(last modified 2024-04-15T04:47:09+00:00 )
Апрел 15, 2024 09:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори фармондеҳи кули артиши Эрон ба Амрико дар бораи табаъоти ҳимоят аз Исроил
    Ҳушдори фармондеҳи кули артиши Эрон ба Амрико дар бораи табаъоти ҳимоят аз Исроил

Фармондеҳи кули артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳушдор ба сардамдорони Амрико гуфт , агар дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ мудохила кунанд тамоми пойгоҳҳо ва манофеи онҳо аҳдофи амалиёти неруҳои мусаллаҳи Эрон маҳсӯб мешавад .

Ба гузориши Ирно , Амири сарлашкар « Саидабдураҳими  Мусавӣ » фармондеҳи кули артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба амалиёти мушакӣ ва  паҳподии Эрон ба таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ афзуд , созмонҳои байналмилалӣ бояд зайли банди ҳафти маншури Созмони Милали Муттаҳид ба муҷозоти режим саҳюнистӣ мепардохтанд ; Аммо ба далели қусӯр ва эҳмоли онҳо аз як сӯ мутолибаи умумии миллати бузурги Эрон аз сӯи дигар , неруҳои мусаллаҳи Эрон режими саҳюнистиро танбеҳ карданд .

Фармондеҳи кули артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард , агар сардамдорони Амрико дар ҳимоят аз режим саҳюнистӣ бихоҳанд вуруд ва ё мудохила кунанд , тамоми пойгоҳҳо ва манофеи онҳо ба хусӯси пойгоҳҳое, ки аз он ба унвони мабдаи зидди Ҷумҳурии Исломии Эрони иқдоми низомӣ сурат бигирад , аҳдофи амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон маҳсӯб мешаванд .

Барчасп