Апрел 23, 2024 13:49 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамониҳои паёпайи духтарони қаиқрони эронӣ дар Осиё ва Уқёнусия/ ба суи олимпиадаи  Париж

Қаиқронони эронӣ бо касби чандин медали рангоранг дар рақобатҳои қаиқронии обҳои ороми қаҳрамонии Оосиё ва низ рақобатҳои қаиқронии руинги қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия муваффақ ба касби 4 саҳмияи олимпии 2024 Париж шуданд.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ин мусобиқот дар қораи Осиё ва Уқёнусия дар ду кишвари Япония ва Кореяи ҷанубӣ баргузор шуд, ки ҳосили талоши тимҳои Эрон касби чаҳор саҳмия барои ҳузур дар бозиҳои олимпии 2024 Фронса буд.

  Дар рақобатҳои Кореяи ҷанубӣ қаиқрони Эрон тавонист саҳмияи қаиқи 2 нафара ё ба истилоҳ тимиро барои олимпии 2024 Париж тавассути 2 бонуи эронӣ бо номҳои Маҳсо Ҷовар ва Зайнаби Наврӯзӣ касб кунад.

Image Caption

  Ин ду бонуи эронӣ дар ин рақобатҳо муваффақ ба касби медали нуқра шуданд.

  Пеш аз ин Фотима Муҷаллал дигар бонуии қаиқрони Эрон буд, ки бо касби медали бринҷӣ нахустин саҳмияи олимпии қаиқронии Эронро касб карда буд.

Image Caption

  Дар охирин рӯз аз ин мусобиқот ҳам Муҳаммаднабии Ризоӣ-қаиқрони эронӣ дар финали каноэи якнафараи 1000 метри мардон бо сабти замони 4 дақиқаву 10 сонияву аз ҳазор 980 сония ба унвони қаиқи нахуст аз хат убур кард.

  Ӯ илова бар гирифтани медали тилло ба саҳмияи олимпӣ ҳам расид.

  Алии Оқомирзоӣ-дигар қаиқрони эронӣ низ бо касби медали бринҷии рақобатҳои қаиқронии обҳои ороми Осиё дар Япония, Эронро соҳиби чаҳорумин саҳмияи бозиҳои олимпии 2024 кард.

 

Барчасп