Апрел 23, 2024 17:47 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар дидори нухбагони Панҷоби Покистон: Исроил даст аз по хато кунад чизе аз у боқи нахоҳад монад
    Раисӣ дар дидори нухбагони Панҷоби Покистон: Исроил даст аз по хато кунад чизе аз у боқи нахоҳад монад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори нухбагони иёлати Панҷоби Покистон гуфт: Агар режими саҳюнистӣ бори дигари даст аз по хато кунад ва таъаррузӣ ба хоки муқаддас Эрон кунад, вазъият мутафовит хоҳад буд ва маълум нест дигари чизе аз ин режим боқӣ бимонад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар дувумин руз аз сафар ба Покистон бо ҳузур дар донишгоҳи “Ҷисию“-и Лоҳур ва дар дидор бо нухбагони илмӣ ва фарҳангии иёлати Панҷоб бо баёни ин ки миллати бузурги Эрон режими саҳюнистиро барои ҷиноят дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурия ки бархилофи ҳамаи қавонини байналмилалӣ ва Конвенсияҳо ва маншури милали муттаҳид буд, танбеҳ карду афзуд, агар режими саҳюнистии бори дигари даст аз по хато кунад, дигари чизе аз ин режим боқӣ нахоҳад монад .

Раисӣ иддаои дифо аз ҳуқуқи башари ғарбиҳоро низ монанди иддаои ҳимоят аз озодии андешаи онҳо фоқид ҳақиқат донисту афзуд, ҳимояти Амрико ва ғарб аз кушта ва маҷруҳ шудани беш аз 100 ҳазор фаластинӣ дар борӣкаи Ғазза, баёнгари ин воқеият аст ки имруз бузургтарин ноқизони ҳуқуқи инсон, Амрикоеҳо ва ғарбиҳо ҳастанд ва иддаои дифо аз ҳуқуқи башари онҳо низ пучаст .

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар шаҳри торихӣ, фарҳангӣ ап зебои Лоҳур, равобити ду кишварро фаротар аз ҳамсоягӣ, равобити динӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва қалбӣ донист ки боиси пайвандии ногусастании байни ду миллат шудааст.

Барчасп