Апрел 25, 2024 11:23 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Мафоди баёнияи муштараки Кувайт ва Урдун дар мавриди майдони Ораш мардуд аст
    Канъонӣ: Мафоди баёнияи муштараки Кувайт ва Урдун дар мавриди майдони Ораш мардуд аст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрони мафоди баёнияи муштараки сафари амири Кувайт ва Урдун дар хусуси майдони Орашро мардуд эълом ва бар ҳақи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин майдон таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаои Кувайт дар бораи майдон Ораш гуфт: Тарҳи иддаои якҷониба дар ин гунаи баёнияҳо ҳеҷ ҳақиро барои муддаи эҷод намекунад .

Канъонӣ бо ишора ба музокирот ва ройзаниҳои қаблии байни Эрон ва Кувайт тасреҳ кард: Ба Кувайт тавсия мекунем аз масири нодурусти ҳаёҳӯии расонаи дар ин мавзу иҷтиноб карда ва ба ҷои он ба музокироти фаннӣ ва ҳуқуқии баргардад ки беҳтарин ва муносибтарин масир барои расидагӣ ба мавзу аст .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси ҳуқуқи торихӣ ва савобиқи музокироти муштарак, омодагӣ дорад дар хусуси чорчубе ки мутазаммини эҳтиром ба манофе муштарак бошад гуфтугуҳоро идома диҳад .

Канъонӣ бо таъкид бар асли ҳусни ният дар таъомулоти минтақае, бар зарурати иҷтиноб аз мудохилаи давлатҳои солис дар хусуси ин мавзу тасреҳ кард .

Сухангуи дастгоҳи дипломасии Эрон гуфт: Бидуни тардид давлатҳои зирабт метавонанд дар партави ҳамкориҳои дустона ва дар ростои манофеи муштарак, бадур аз ҷанҷолҳои расонаи ба тавофуқи лозим ноил шаванд.

Барчасп