Январ 08, 2017 12:23 Asia/Dushanbe
  • Содироти гандуми Эрон ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҳафтаи оянда

Мудиромили ширкати бозаргонии давлати Эрон эълом кард, содироти гандуми Эрон аз ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Қанбарӣ, мудиромили ширкати бозаргонии давлатии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симои Эрон гуфт, ситоди танзими бозори Эрон муҷаввизи содироти се миллион тонна гандуми изофиро ба хориҷ содир карда ва бо оғози содироти гандум, Эрон дар феҳристи содиркунандагони гандум дар ҷаҳон қарор мегирад.

Қанбарӣ афзуд, Туркия ва Италия аз муштарёни гандуми Эрон ҳастанд ва бо содироти се миллион тонна гандуми изофӣ, ҳудуди 600 миллион доллар арз вориди Эрон мешавад.

Эрон дар солҳои гузашта, яке аз воридкунандагони гандум буд.

 

Барчасп