Нақшофаринии шаҳид Раисӣ ва шаҳид Амир Абдуллоҳён дар арсаи байналмиллалӣ
(last modified Mon, 20 May 2024 09:02:52 GMT )
Май 20, 2024 14:02 Asia/Dushanbe
  • Нақшофаринии шаҳид Раисӣ ва шаҳид Амир Абдуллоҳён дар арсаи байналмиллалӣ
    Нақшофаринии шаҳид Раисӣ ва шаҳид Амир Абдуллоҳён дар арсаи байналмиллалӣ

Пас аз эъломи хабари шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири хориҷа ва ҷамъи аз ҳамроҳони онҳо дар ҳодисаи суқӯти болгард дар рӯзи якшанбеи 19 май ( 30 урдибиҳишт ) , масъалаи нақш ва таъсиргузории ин ду шахсияти таъсигузор бар сиёсати хориҷаи Эрон дар иртибот бо кишварҳои ҳамсоя ва низ дар сатҳи минтақаӣ ва байналмиллалӣ бояд мавриди тавваҷӯҳ қарор гирад .

Дар сатҳи байналмиллалӣ шаҳид Раисӣ ва  шаҳид Амир Абдуллоҳиён бо талошҳои худ ва  ҳузури муассир дар ниҳодҳои байналмиллалӣ ва низ сафарҳои хориҷӣ ба кишварҳои мухталиф нақши муҳиммӣ дар табйини дидгоҳҳо ва  мавозиъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди масоили мухталиф аз як сӯ ва  пешбурди аҳдофи Эрон дар сатҳи минтақаӣ  ва ҷаҳонӣ ифо намуданд.

Давлати сездаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон аз замони оғоз ба кори худ дар 3 августи 2021 ( 12 мурдоди 1400 ) рӯйкарди ҷадидиро дар арсаи сиёсати хориҷӣ дар пеш гирифт . Мутавозинсозии сиёсати хориҷӣ , мубтани бар асл на шарқӣ на ғарбӣ аз муҳимтарин идаҳои сиёсати хориҷии ин давлат буда ки аз муҳимтарин заруратҳои он ҳифзи истиқлоли кишвар дар айни тавваҷуҳу таъкид бар равобит бо кишварҳои шарқ ва ғарбаст . Дар айни ҳол нафии ғарбгарои маҳз дар равобити хориҷӣ аз мабонии аслӣ мавриди тавваҷуҳи давлат сездаҳум буда, ки бо тавваҷуҳ ба онки интиқоли қудрат дар низоми ҷаҳонӣ аз ғарб ба шарқ дар ҳол анҷом аст , таъйни ҷойгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муносиботи ояндаи ҷаҳонӣ бо ин қудратҳо як асласт. Дар ин росто вуруд ба муносиботи роҳбурдӣ бо қудратҳои шарқӣ ба вижаи Русия ва Чин , дар ҷиҳати маҳории Ғарб ва тавозуни бахше ба сиёсати хориҷии кишвари амре сӯрат гирифт . Зимни инки тавсеаи равобит бо ин кишварҳо дар ҳавзаҳои мазиятии Ҷумҳурии Исломӣ , сиёсатӣ роҳбурди аст ки бояд мавриди таъкид қарор гирифт . Дар айни ҳол давлати сездаҳум нишон дод ки ба тавозун дар сиёсати хориҷӣ муътақид бӯда ва  тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои исломӣ дар авлавияти барномаҳои хориҷиаш қарор доштааст . Дар ин миён нақши шаҳид Сайид Иброҳими раисӣ ва шаҳид Ҳусайн Амир Абдуллоҳён дар табйин ва пешбурди рӯйкарди навини сиёсати хориҷии Эрон бисёр ҳассосу таъсигузор будааст .

Аз ҷумлаи иқдомоти шаҳид Раисӣ дар ин замина бояд ба сафарҳои вай ба Ню-Йорк ва ҳузур дар нишастҳои солонаи маҷмаъи умумии Созмони Милал ва табйини дидгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи масоили муҳими минтақаӣ  ва ҷаҳонӣ ишора намуд . Дар охирин ҳузури вай дар маҷмаъи умумии Созмони Милал дар сентябри 2023 , ӯ дар суханронии муфассалӣ ба масоили мухталиф ҷаҳонӣ пардохт . Шаҳид Раисӣ бо ишора ба масоили мухталиф аз ҷумла исломситезии вопортоиди фарҳангӣ , аҳамияти нақши хонавода ва шикасти пружаи амрикоӣ кардани ҷаҳон , таъкид кард ки мо дар як давраи сарнавиштсози торихии қарор гирифтаем . Ба гуфта ӯ ҷаҳон дар ҳоли тағйир ва гузор ба назми байналмилалӣ навзуҳӯраст ва ин масир ғайриқобили бозгаштаст . Шаҳид Раисӣ дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ ба хусӯс ҷанги Ғазза низ сухан ронд ва таъкид намӯд ки тадовуми ишғоли Фаластин ва бахшҳое аз хоки Лубнон ва Сурия тавассути режими саҳюнистӣ ва маҳрӯм сохтани миллати мазлӯми Фаластин аз ҳуқуқи мусаллам ва зотии худ , бавижа дар ташкили давлати фаластинӣ ба пойтахти Байтулмуқаддас мунҷар ба ташдиди ҷиноёти ин режим ва густариши доманаи таҷовуз ва таҳдид ба соири кишварҳои минтақа шудааст . Дар интиҳо ӯ таъкид намӯд ки башар дар ҳоли вуруд ба мадори ҷадидӣ аст . Қудратҳои куҳна , дар ҳоли уфӯланд . Онҳо « гузашта » ҳастанд ва мо « ояндаем» . Такрор мекунам ки онҳо « гузашта » ҳастанд ва мо « ояндаем » .

Дар айни ҳоли сафарҳои хориҷии шаҳид Раисӣ ва ширкат дар маҷомеъ ва нишастҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай , нишасти сарони кишварҳои ҳошияи дарёии Хазар ва низ сафар ба кишварҳои мухталифи аъам аз кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷии минтақа аз ҷумла Русия , Венесуэла ва Кубо нақши муҳимме дар густариши равобити Эрон бо ин кишварҳо ва низ табйини мавозиъ ва дидгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳифзи  манофе ва густариши аҳдофи хориҷии Эрон ифо намӯд . Ба таври куллӣ дар давраи раёсати Ҷумҳурии Сайид Иброҳими раисӣ сиёсати хориҷии Эрон бо таҳаввули чашмгири мувоҷеҳ шуда ва гомҳои бузургӣ бо тавваҷуҳ ба дар пеш гирифтани сиёсатӣ мавсӯм ба сиёсати ҳамсояги бардошт . Шаҳид Раисӣ дар заминаи рӯйкарди ҷадиди сиёсати хориҷии давлати сездаҳум гуфтааст: Эрон , фасли навине аз равобити сӯдманд бо кишварҳои ҳамсоя , ҳамсӯ ва ҳамандешро рақам зада , бо узвият дар соз ва корҳои минтақаӣ  ва байналмилалӣ , зарфиятҳои худро барои шаклдиҳӣ ба назми одилона ба иштирок гузошта ва бо авлавият додан ба такмили роҳи гузарҳои тиҷорӣ аз ҷумлаи роҳи гузари шимол - ҷануб ки пайванддиҳандаи  ҷаҳони шимол бо ҷаҳони ҷануба ст , манофеи пойдори иқтисодиро барои ҳамаи миллатҳои минтақа тазмин мекунад .

Ончӣ дар ин миёни қобил зикраст нақши муҳиму ғайри қобили инкори шаҳид  Ҳусайни Амири Абдуллоҳиёни вазири хориҷаи Ҷумҳурии Эрон дар давлати сездаҳум дар пешбурди рӯйкарди давлати Раисӣ дар заминаи сиёсати хориҷӣ буд . Шаҳид Амир Абдуллоҳиён ба масобаи як дипломати варзида ва ошно ба фунуну румузи дипломасӣ бо сафарҳои мутаъаддиди хориҷӣ ва дидор бо шумори қобили таваҷҷӯҳе аз сарону мақомоти дигари кишварҳо ва низ ширкат дар бисёре аз нишастҳо ва конфронсҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва нақши бисёр таъсигузорӣ дар табйини ормонҳо аҳдофи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи хориҷӣ , дифо аз манофеи Эрон ва пешбурди аҳдофи сиёсати хориҷии Эрон дар чанд соли ахир ифо намӯд .