Мӯътаризон ба идомаи ҷанги Ғазза, консулгарии режими саҳюнистӣ дар Истамбулро ба оташ кашиданд
(last modified 2024-05-28T07:23:59+00:00 )
Май 28, 2024 12:23 Asia/Dushanbe
  • Мӯътаризон ба идомаи ҷанги Ғазза, консулгарии режими саҳюнистӣ дар Истамбулро ба оташ кашиданд

Консулгари режими наслкуши Исроил дар шаҳри Истамбули Туркия, тавассути мухолифон бо идомаи ҷанг ва куштори фаластиниён дар борикаи Ғазза, ба оташ кашида шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазорон нафар аз мухолифон бо идомаи ҷанг ва куштори фаластиниён дар борикаи Ғазза дар шаҳри Истамбули Туркия бо баргузории тазоҳурот, консулгарии режими наслкуши Исроил дар Истамбулро ба оташ кашиданд.

 Артиши режими наслкуши Исроил дар тозатарин ҷинояти худ, чодарҳо ва марокизи ускони оворагон дар шимолу ғарби Рафаҳро бо 7 мушак ва бомби бузург бомбаборон кард, ки бар асари он камаш 41 фаластинӣ шаҳид ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

 Дар миёни шуҳадо ва маҷрӯҳон теъдоди зиёде зан ва кӯдак ҳам дида мешавад. Ҷустуҷу барои ёфтани афроди зери овормонда ҳамчунон идома дорад.

 Ҷангандаҳои мутаҷовизи режими саҳюнистӣ шомгоҳи душанбе низ чодарҳои оворагони фаластиниро дар шимолу ғарби шаҳри Раффҳ дар ҷануби навори Ғазза бомбаборон карданд.

 Бино бар эъломи дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар борикаи Ғазза, артиши режими наслкуши ишғолгари саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта беш аз 10 маркази ускони оворагони фаластиниро дар Рафаҳ бомбаборон карда, ки тайи он беш аз 190 фаластинӣ шаҳид шуданд.

 Ҷунбишҳои муқовимати исломии Фаластин(Ҳамос) ва Ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияҳои ҷудогона ба куштори артиши режими саҳюнистӣ дар шимолу ғарби шаҳри Рафаҳ вокуниш нишон дода ва ин ҷиноятро беэътиноӣ ва иҳонати ошкор ба ҳукми ахири Девони байналмилалии додгустарӣ мабни бар лузуми таваққуфи ҳамалот ба ин шаҳр донистанд ва давлати Америка ва Ҷо Байден - раисҷумҳури ин кишварро масъули ин ҷиноят эълом карданд.

 Девони байналмилалии додгустарӣ ҳукми таваққуфи фаврии амалиёти низоми режими саҳюнистӣ дар Рафаҳро содир кард ва бозугшоии гузаргоҳи Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғаззаро барои вуруди кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа хостор шуд.

 Ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ бо истиқболи густурдае дар сатҳи байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.

 

Барчасп