Июн 13, 2024 13:04 Asia/Dushanbe

Номаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба донишҷӯёни амрикоӣ , ки бо истиқболи уламои шиъа , аҳли суннат ва донишҷӯёни ироқӣ ҳамроҳ шудааст , дар ҳамоише бозхонӣ шуд .

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сиюм май дар номае хитоб ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико , зимни ибрози ҳамдилӣ ва  ҳамбастагӣ бо эътирозоти зидди саҳюнистии ин донишҷӯён , ононро бахше аз ҷабҳаи муқовимат донистанд ва бо ишора ба тағйири вазъияту сарнавишти минтақаи ҳассоси ғарби Осиё , бар варақ хӯрдани таърихи ҷаҳон таъкид карданд . Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ бо баёни инки донишҷӯёни амрикоӣ акнӯн дар тарафи дурусти таърих , ки дар ҳоли варақ хӯрдан аст истодаанд , фармуданд : Ҷабҳаи бузурги муқовимат дар нуқтаӣ дур , бо ҳамин идроку эҳсосоти имрӯзии шумо , солҳо аст мубориза мекунад .

Раҳбари муаззами инқилоби исломии ҳадафи ин муборизаро таваққуфи зулми ошкоре хонд ки як шабакаӣ терруоист ва бераҳм ба номи “ саҳюнистҳо “ , аз солҳо пеш бар миллати Фаластин ворид сохта ва пас аз тасарруфи кишварашон , онҳоро зери сахттарин фишорҳо ва шиканҷаҳо гузошта ва наслкушии имрӯзи режими опортойди саҳюнист низ , идомаӣ рафтори башиддат золимона дар даҳҳо соли гузашта аст .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , андешмандони ироқӣ бо мушорикат дар ҳамоишӣ дар Бағдод , абъоди номаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ва  таъсири он бар қишри донишҷӯёни ғарбӣ ва ҳатто донишҷӯёни исломиро баррасӣ карданд .