Вуруди Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон барои ҳузур дар маросими савгандёди раисиҷумҳури ҷадиди Эрон
(last modified 2024-07-30T06:18:27+00:00 )
Июл 30, 2024 11:18 Asia/Dushanbe
  • Вуруди Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон барои ҳузур дар маросими савгандёди раисиҷумҳури ҷадиди Эрон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз барои ширкат дар маросими савгандёди раисиҷумҳури ҷадиди Эрон дар садри ҳайате вориди Теҳрон шуд.

Муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон ва сафири Тоҷикистон дар замони вуруд аз вай истиқбол карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими савгандёди  Масъуди Пизишкиён ба унвони нуҳумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз сешанбе 30 июл соати 16 дар маҳали баргузории ҷаласоти алании Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва бо ҳузури 70 ҳайати хориҷӣ ва дабирони кулли созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп