Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: роҳпаймоӣ чанд миллионии арбаъини Ҳусейнӣ дар таърих бесобиқа аст
(last modified 2024-08-23T12:57:16+00:00 )
Август 23, 2024 17:57 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: роҳпаймоӣ чанд миллионии арбаъини Ҳусейнӣ дар таърих бесобиқа аст
    Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: роҳпаймоӣ чанд миллионии арбаъини Ҳусейнӣ дар таърих бесобиқа аст

Хатиби ҷумъаи Теҳрони роҳпаймои азими чанд миллионии арбаъини Ҳусейнӣ(а)-ро дар таърих бесобиқа донист.

20 сафари 1446 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 25 августи соли 2024 мелодӣ, арбаъӣн "чиҳилумин рузи" шаҳодати набераи Паёмбари Аъзам ҳазрати имоми Ҳусейн (а) имоми севуими шиъён ва ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин руз барои ҳузур дар маросими арбаъӣни Ҳусейнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон­ ба маросими пиёдаравии Арбаъӣни Ҳусайнӣ ишора кардаду афзуд: ­ин насим аз вуҷуди имом Ҳусейн (а) мевазад ва дилҳои ошиқонро бо худ биёбони мекунад. Ин ҳаракати азим ҷамъиятҳои чанд миллиони дар таърих бесобиқа аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ ҳамчунин дар идома ­боишора ба ташкили кабинаи давлати чаҳордаҳум аз тарафи Масъуди Пизишкён тавваҷуҳ ба вилоятмадорӣ, мардумибудан ва корамадан буданро бузургтарин арзиш барои тасмимгириҳо ва сиёсатгузориҳо унвон кард.

Барчасп