Апрел 19, 2024 20:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷи Алӣ Акбарӣ, хатиби муваққати Теҳрон
    Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷи Алӣ Акбарӣ, хатиби муваққати Теҳрон

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ” як посухи мувозин, вокуниши ҳаддиақалӣ ва як “Тӯфонулақсо”-и эронӣ буд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷи Алӣ Акбарӣ, хатиби муваққати Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи шаҳри Теҳрон, ба амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ” алайҳи Исроил ишора карду гуфт: Ин амалиёт як “Тӯфонулақсо”-и эронӣ буд, чунончӣ коре ки размандагони фаластинӣ анҷом доданд, як “Тӯфонулақсо”-и фаластинӣ буд.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки ин амалиёти муҳосиботи режими саҳюнистиро ба ҳам рехту қудрати Эрон ва афзоиши сатҳи боздорандагии ҷумҳурии исломиро ба рухи душман кашид, хотирнишон кард: Ин хатшиканӣ ва ин боздорандагӣ маҳсули истодагӣ пои ормонҳои инқилоб ва пой фишурдан бар сари ормонҳои Қудси шариф буд.

Ҳоҷи Алии Акбарӣ гуфт: Амалиёти “Ваъдаи содиқ” аз қудрати Эрон рӯнамоӣ карду ҳейманаи пӯшолии режими ҷаълии Исроилро дарҳам шикаст. Барои ҳамин ваҳдату якпорчагӣ душманони Эрони исломиро нороҳат кардааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар идома таъкид кард, ки агар душман вориди моҷароҷӯии ҷадид шавад, тавре силӣ хоҳад хӯрд, ки аслан қобили муқоиса бо амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ” нахоҳад буд.

Режими саҳюнистӣ душанбеи аввали апрели соли 2024 дар иқдоме террористӣ ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқ ҳамла кард, ки мунҷар ба шаҳодати ҳафт нафар аз мусташорони аршади низомии Эрон шуд.

 

Барчасп