Эрон маҳкӯмияти ҳамлаи террористии Мирҷова аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони милалро хостор шуд
(last modified 2024-09-14T07:59:50+00:00 )
Сентябр 14, 2024 12:59 Asia/Dushanbe
  • Эрон маҳкӯмияти ҳамлаи террористии Мирҷова аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони милалро хостор шуд

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид маҳкӯм кардани иқдоми террористии нафратангези “Ҷайш ул зулм” аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва иҷрои иқдомоти муқтазӣ дар ростои тааҳҳуди қотеъи ин ниҳоди байналмилалӣ барои мубориза бо терроризмро хостор шуд.

Аносури мусаллаҳи вобаста ба гуруҳи террористии “Ҷайш ул адл” шомгоҳи панҷ шанбе худрави неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар як нуқтаи сӯзишворӣ дар Мирҷова, устони Систону Балӯчистон ҳангоме, ки марзбонону афсарон дар ҳоли сӯхтгирӣ буданд, ҳадаф қарор доданд.

Ин иқдоми шанеъ мунҷар ба шаҳодати се нафару маҷрӯҳ шудани як нафар аз неруҳои марзбонӣ шуд.

Амир Саъиди Ереванӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба Шӯрои амният ва низ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид навишт, бо таваҷҷуҳ ба собиқаи мустамари хушунату иқдомоти террористии “Ҷайш ул зулм”, зидди ғайринизомиёни бегуноҳи эронӣ ва неруҳои интизомӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Шӯрои амният дархост мекунад то ин иқдоми террористии нафратангезро ба шиддат маҳкӯм карда ва дар ростои тааҳҳуди қотеъи худ ба мубориза бо терроризм дар тамомии ашколу мазоҳири он, иқдомоти муқтазиро иттихоз намояд.

Гурӯҳаки террористии “Ҷайш ул зулм”, ки аъзои ин гуруҳи худро “ Ҷайш ул адл” меноманд, токунӯн масъулияти чанд қатл, террору ҳамлаи террористӣ дар ҷануби шарқи Эронро бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп