Пизишкиён дар шабакаи “X”: Ҳадафи аслии Эрон ваҳдату вифоқ дар кулли уммати исломӣ аст
(last modified 2024-09-17T05:10:54+00:00 )
Сентябр 17, 2024 10:10 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон
    Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон

Порс-тудей. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ҳадафи аслии давлати Эрон ваҳдат, инсиҷом ва вифоқ дар кулли уммати исломӣ аст.

Масъуди Пизишкиён, дар шабакаи иҷтимоии “X” зимни ташреҳи аҳдофи сафари серӯзаи худ ба Ироқ, дар ёддоште ба забони курдӣ ва арабӣ дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: “Дар аҳдофе ки тайи сафари серӯза ба кишвари дӯсти ҳамсояи Ироқ дунбол кардем, нигоҳи ваҳдат, инсиҷом ва ҳамбастагӣ буд”.

Пизишкиён дар идома навишт: “Дар ҷараёни ин сафар 14 тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Эрону Ироқ имзо шуд.

Вай дар ин пост бо ишора ба ин ки авлавияти фаврии Эрон дар робита бо Ироқ, дастёбӣ ба забон ва дидгоҳи муштарак дар равобити дуҷониба аст, таъкид кард: “Дидорҳои хубе дар Ироқ баргузор шуд, ки мунҷар ба ҳамбастагиву вифоқи бештар байни ду кишвар мешавад.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе (11 сентябр) дар аввалин сафари хориҷӣ, дар садри ҳайате баландпоя аз мақомоти сиёсиву иқтисодӣ вориди Бағдод шуд ва мавриди истиқболи расмии Муҳаммад Шиёъ Ассудонӣ, нахуствазири Ироқ қарор гирифт.

 

Барчасп