Паёми таслияти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пайи ҳодисаи андуҳбори инфиҷори маъдани Табас
(last modified 2024-09-23T04:09:32+00:00 )
Сентябр 23, 2024 09:09 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пайи ҳодисаи андуҳбори инфиҷори маъдани Табас

Саҳоб - Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме ҳодисаи андуҳбори инфиҷори маъдани Табас дар Хуросони ҷанубӣ, шарқи Эрон ва ҷон бохтани шуморе аз коргаронро таслият гуфтанд ва бар талоши бештар барои имдодрасонӣ ба коргарон таъкид карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар паёме ҳодисаи талху андуҳбори инфиҷори маъдани ангиштсанг дар Табасро, ки дар он теъдоде аз коргарон қурбонӣ ё масдӯм шуданд, ба хонаводаҳои ҷон бохтагону мардуми Эрон таслият гуфтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба маҷмӯъаи имдод, ки аз сӯи мақомоти давлатӣ барои кумак ба маҳали ҳодиса рафтаанд, таъкид карданд, бештарин талоши худро масруфи наҷоти онон кунанд ва барои коҳиши абъоди ин мусибат иқдоми лозимро анҷом диҳанд; расидагии фаврӣ ба вазъи масдумон низ бояд мавриди иҳтимом қарор гирад.

Шанбешаб ба далели нашти гази метан дар ду тунели “c” ва “b” маъдани ангиштсанги Табас дар Хуросони ҷанубӣ, шарқи Эрон, коргарони машғӯл ба кор дучори нафасгирӣ бо газ шуданд ва муттаассифона дар ин ҳодиса токунӯн 34 нафар ҷон бохтанд ва 17 масдум ҳам бо талоши тимҳои тахассусии имдодӣ наҷот ёфтанд.

 

 

 

Барчасп