Эрон бо шикасти Фаронса ва садрнишинӣ, ба якҳаштуми ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Футзал роҳ ёфт
(last modified 2024-09-24T04:37:00+00:00 )
Сентябр 24, 2024 09:37 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими миллии футзали Эрон ба даври якҳаштуми ниҳоӣ
    Роҳёбии тими миллии футзали Эрон ба даври якҳаштуми ниҳоӣ

Порс-тудей. Тими миллии футзали Эрон дар охирин дидори худ дар марҳалаи гуруҳии Ҷоми Ҷаҳонии 2024 Узбакистон, Фаронсаро шикаст дод ва бо садрнишинӣ ба марҳалаи якҳаштуми ниҳоӣ расид.

Ба гузориши “Порс-тудей”, Эрон дар охирин бозии гуруҳӣ Фаронсаро бо натиҷаи чаҳор бар як шикаст дод ва дар гуруҳи “F” бо 9 имтиёз ба унвони садрнишин боло рафт.

Тими миллии футзали Эрон дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоӣ бояд бо Марокаш дидор кунад.

Ҳоланд, Украина, Бразилия, Костарика, Парагвай, Афғонистон, Испания, Венесуэла, Қазоқистон, Португалия, Марокаш, Аргентина, Хорватия, Таиланд ва Фаронса дигар тимҳои роҳёфта ба марҳалаи як ҳаштуми ниҳоӣ ҳастанд.

 

Барчасп