Таҳлил; Интиқоди Ироқчӣ аз "беамали"-и Шӯрои Амният дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи Ғазза ва Лубнон
(last modified 2024-10-01T15:11:47+00:00 )
Октябр 01, 2024 20:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Интиқоди Ироқчӣ аз

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бетаваҷҷуҳии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба далели монеъ шудани Амрико ва дигар тарафдорони ғарбии Исроилро далели аслии идомаи ҷиноёт ва моҷароҷӯиҳои режими номашруъи саҳюнистӣ донист.

Наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ба як сол расид. Мардуми ҷаҳон дар асри 21, ки асри рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷаҳонишавии ҳуқуқи башар унвон шудааст, дар тазоди аҷиб бо ин номгузориҳо шоҳиди ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ҳастанд, ки ҳатто терроризми ДОИШ чунин ҷиноятҳоро содир накардааст. Ҳадаф қарор додани кӯдакону занон дар таркишҳо, муҳосира ва тахриби марказҳои тиббӣ ва бемористонҳо, мактабҳо ва хонаҳо ва урдугоҳҳои оворагон ва ҳатто қасдан куштани беморону оворагон ҷиноятҳои нодирест, ки ҷаҳон онро кам дидааст, аммо режими ишғолгари Қудс дар соли гузашта борҳо алайҳи мардуми мазлуми Ғазза ва дар ду ҳафтаи ахир алайҳи мардуми Лубнон муртакиб шудааст. Терроризми ДИИШ низ ҷиноятҳои сангин содир кардааст, аммо террорҳои ҳазорон ғайринизомӣ бо васоли иртиботӣ ва ё истифодаи бомбҳои яктоннаро надорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки режими саҳюнистӣ дар содир кардани ҷиноятҳои бесобиқа ҳатто рӯи терроризми ДИИШ-ро сафед кардааст.

Ин сатҳ аз ҷиноят пеш аз хама дар сояи «беамали»-и Шӯрои Амнияти Созмони миллали Муттаҳид рух дод ва идома дорад. Мувофики моддаи 24 Маншури СММ ин шӯро ба унвони қудратмандтарин рукни СММ вазифаи муҳимми сулҳу амнияти байналмилалро бар ӯҳда дорад. Бо ин ҳол ин шӯро дар амал нишон дод, ки аксаран имкони ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалиро надорад ва ба таъбири вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз “беамалӣ” ранҷ мебарад. Фоҷиаи Ғазза ва Лубнон, ки тавасути режими саҳюнистӣ ба вуқӯъ пайваст, яке аз ин ҳолатҳои “беамали”-и Шӯрои Амният аст.

Нуктаи муҳим ин аст, ки иллати “беамалӣ”-и Шӯрои Амният дар фоҷиаҳое чун Ғазза ва Лубнон дар дохили худи Созмони Милал ва ин шӯро аст. Панҷ узви доимии Шӯрои Амният, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Англия, Фаронса, Русия ва Чин ҳуқуқи вето доранд. Истифодаи абзории Амрико, Англия ва Фаронса, бахусус Амрико аз ҳаққи вето сабаб шуд, ки ҳеҷ қатъномае дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои мутавақиф кардани режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Ғазза ва Лубнон тасивб нашавад. Амрико зимни кумакҳои иқтисодӣ ва низомии ошкор ва бисёре, ки аз режими саҳюнистӣ анҷом медиҳад, аз ҳаққи вето низ барои мамониат аз ҳар гуна иқдоме дар ҷиҳати мутаваққиф кардани наслкушии саҳюнистҳо баҳра мегирад. Паёмади муҳимми ин рӯйкарди давлати Амрико, истифодаи ошкор ва расмии режими саҳюнистӣ аз абзори террор барои дастёбӣ ба аҳдофи низомӣ ва сиёсиаш дар ҷанг алайҳи Ғазза ва Лубнон буд.

Дар ҳамин росто, Саидаббоси Ироқчӣ дар шабака иҷтимоии “Х” навишт: Дар гуфтугӯ бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал таъкид кардам, ки беамалии Шӯрои Амнияти Созмони милал ба далели коршикани Амрико ва дигар ҳомиёни ғарбии Исроил, далели умдаи истимрори ҷиноятҳо ва моҷароҷӯиҳои режими номашруъи саҳюнистӣ аст. Ироқчӣ тасреҳ кард, ба дабири кулл ёдовари кардам, ки Амрико шарики қатъии ҷиноёти Исроил дар Ғазза ва Лубнон аст, камо инки Сайиди муқовамат низ бо силоҳи сангаршикани эҳдоии Амрико мавриди ҳадаф қарор гирифта ва ба шаҳодат расид.

Беамалии Шӯрои амният дар муқобили ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, беэътиборӣ ва беобрӯии Созмони Милали Муттаҳидро дар пай доштааст.

 

Барчасп