Ироқчӣ: Эрон ба ҳар гуна моҷароҷӯии ҷадиди режими саҳюнистӣ посухи муҳкам хоҳад дод
(last modified 2024-10-08T11:11:55+00:00 )
Октябр 08, 2024 16:11 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Эрон ба ҳар гуна моҷароҷӯии ҷадиди режими саҳюнистӣ посухи муҳкам хоҳад дод

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки Теҳрон ба дунболи афзоиши танишу ҷанг дар минтақа нест, аммо омодагии посухи муҳкаму мутаносиб ба ҳар гуна иқдому моҷароҷӯии ҷадиди режими саҳюнистиро дорад.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Бадр Абдулоти, вазири хориҷаи Миср, баъд аз зуҳри рӯзи душанбе дар як тамоси телефонӣ дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақа ройзанӣ карданд.

Тарафайн дар ин гуфтугӯ бар зарурати афзоиши талошҳои дипломатӣ барои таваққуфи таҳоҷуми режими саҳюнистӣ ба Лубнону Ғазза ва ирсоли кумакҳои башардӯстона барои оворагон таъкид карданд.

 

Барчасп