Узви аршади Ҳизби Ҷамоати Исломии Покистон дар Донишгоҳи Карочӣ: Имом Хоманаӣ, раҳбари воқеии уммати исломӣ аст
(last modified 2024-10-13T05:01:03+00:00 )
Октябр 13, 2024 10:01 Asia/Dushanbe
  • Узви аршади Ҳизби Ҷамоати Исломии Покистон дар Донишгоҳи Карочӣ: Имом Хоманаӣ, раҳбари воқеии уммати исломӣ аст

Порс тудей - Узви Ҳизби Ҷамоати Исломии Покистон аз имом Хоманаӣ ба унвони раҳбари воқеии уммати исломӣ ном бурд.

меъроҷи Алҳади Сиддиқӣ, узви Ҳизби Ҷамоати Исломии Покистон дар Донишгоҳи Карочӣ бо таъкид бар инки имом Хоманаӣ, Раҳбари воқеии уммати исломӣ аст, тасреҳ кард, ки ҳар кас мехоҳад бо тоғӯт биҷангад бояд ба лашкари оятуллоҳ Хоманаӣ бипайвандад.

Ба гузориши Порс тудей, Сиддиқӣ дар як ҳамоиш дар Донишгоҳи Карочӣ, режими Исроилро масъӯли наслкушии ҷорӣ дар Фаластин хонд ва афзуд: Шаҳид Исмоил Ҳания ва шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ҷони худро фидои уммати исломӣ кардаанд.

Вай дар идома бо таъкид бар инки ҷунуни ҷанге Исроил ба таҳдиде барои ҷаҳон табдил шудааст, гуфт: Мо дар канори лашкари Худо ҳастем.

Ин олими аҳли суннати Покистон дар поён бо қадрдонӣ аз ҷараёне, ки таҳти раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломӣ эҷод шуд, тасреҳ кард, ки Амрико чиҳил сол аст, ки талош мекунад Эронро тазъиф кунад, аммо бовуҷуди таҳримҳо, Эрон ҳар рӯз қудратмандтар мешавад.

 

Барчасп