Юзсавории Рӯҳонӣ дар рӯзи ҳавои пок
Раисҷумҳури исломии Эрон дар рӯзи ҳавои пок аз тавлидоти се ширкати донишбунёни эронӣ дар заминаи моторсиклет ва мошини барқӣ боздид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар муҳавватаи сохтмони Постури маҳалли ташкили ҷаласоти ҳайъати давлат, аз мошини барқии ду сарнишини Юз, маҳсули ширкати донишбунёни Донишгоҳи озоди исломии воҳиди Қазвин боздид кард ва лаҳазоте низ ба ронандагӣ бо он пардохт.
Рӯҳонӣ ҳамчунин моторсиклети Овито, маҳсули Пажуҳишкадаи шаҳид Ризоии Донишгоҳи санъатии шарифи Теҳрон ва моторсиклети барқии мутааллиқ ба ширкати донишбунёни "Банно Шариф"-ро мулоҳиза кард ва қобилиятҳо ва кайфияти ин тавлидотро аз забони тавлидкунандагони он шунид.
Раисҷумҳури исломии Эрон дар ин боздид, аз ҳосили талоши тавлидкунандагони ин маҳсулот ибрози ризоят карду гуфт, бояд дар тавлидоте аз ин даст, ба ду масъалаи кайфият ва эминии бисёр таваҷҷуҳ шавад.
29 дай моҳ-18 январ дар Эрон рӯзи ҳавои пок номгузароӣ шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба олудагии ҳаво дар шаҳрҳои бузурги Эрон ба хусус Теҳрон, истифода аз мошинҳои барқӣ метавонад коҳиши олояндаҳо ва беҳбуди шароити зиндагиро ба ҳамроҳ дошта бошад.