Январ 19, 2017 21:38 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Шӯрои амният: Таъйиди пойбандии Эрон ба ҳамаи тааҳҳудоти БАРҶОМ

Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар нишасте, ки бо ҳадафи баррасии пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ баргузор шуда буд, эълом кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тамоми тааҳҳудоти ҳастаии худ дар қолаби БАРҶОМ пойбанд будааст.

Дар нишасти бомдоди панҷшанбеи Шӯрои амният, ки ба баррасии дувумин гузориши шашмоҳаи дабири кулли Созмони милал дар хусуси иҷрои қатъномаи 2231- БАРҶОМ ихтисос дошт, хотирнишон шудааст, аз замони иҷрои БАРҶОМ, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ панҷ гузориш мунташир карда, ки дар ин аснод идомаи пойбандӣ ва амали Эрон ба тааҳҳудоти худ дар хусуси БАРҶОМ сабт шудааст.

Пойбандии Эрон ба ҳамаи тааҳҳудоти БАРҶОМ дар ҳоле аст, ки ағлаби кишварҳои узви Шӯрои амният аз раванди дар ҳоли густариши иҷрои БАРҶОМ ба унвони як дастоварди муҳим дар арсаи дипломатияи чандҷониба ҳимоят карданд ва хостори пойбандии ҳамаи тарафҳо ба ин тавофуқ шуданд.

 Шояд битавон гуфт, ки бисёре аз таҳримҳои Созмони милал алайҳи Эрон дар мавзӯи ҳастаӣ аз як соли қабл бар асоси тавофуқи Эрон бо 5+1 (Англия, Фаронса, Чин, Русия, Амрико ба иловаи Олмон) лағв шудааст,  аммо Эрон ҳанӯз дар маърази таҳримҳо қарор дорад, ки бар БАРҶОМ соя андохтааст.

Декабри соли 2016 Конгресси Амрико қонуни таҳримҳои худ алайҳи Эрон, "исо"  (isa) -ро барои 10 -соли дигар тамдид кард. Тамдиди ин таҳримҳо мисдоқи нақзи тавофуқи БАРҶОМ аст.

БАРҶОМ як тааҳҳуди байналмилалӣ ва тавофуқе чандҷониба аст. Агар нигоҳи дақиқтар ба ин мавзӯъ шавад, метавон радди пойи ҷараёни Эронҳаросиро пушти пардаи ин бадаҳдиҳо мушоҳида кард. Мавозеи Амрико ва Англия дар нишасти Шӯрои амният, ки бо такрори иддаои дахолати Эрон дар минтақа ва дар ишора ба таҳаввулоти Сурия ва Яман иброз шуд, қатъан иртиботе ба мавзӯи БАРҶОМ надорад, аммо нишонгари ҳамон хатти фикрӣ аст, ки мехоҳад ангушти иттиҳомро ҳамчунон мутаваҷҷеҳи Эрон созад.

Ҳадаф аз ин иддаосозиҳо илқои ду масъала ба ҷомеаи байналмилалӣ аст. Нахуст он ки БАРҶОМ монеъ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ шуд, ки ин иддао аз ибтидо сохтагӣ ва ҷаълӣ буд. Ванди Шармен, муовини собиқи вазири хориҷаи Амрико, ки пештар дар тими музокироти ҳастаӣ буд, баъд аз имзои БАРҶОМ дар як мусоҳиба эътироф кард, ки Эрон ҳеҷ гоҳ қасди сохтани силоҳи ҳастаиро надоштааст. Аммо масъалаи дувум дар ин иттиҳомсози, тахриби чеҳраи минтақаӣ ва байналмилалии Эрон дар қолаби иддаои ҳимояти Эрон аз терроризм, мудохилаи Эрон дар кишварҳои минтақа ва ё таҳдид нишон додани зарфиятҳои дифоӣ ва ба хусус тавони мушакии Эрон аст. Дар ҳоле ки ҳамин кишварҳо бо фурӯши миллиардҳо доллар аслиҳа, аз ҷумла бомбаҳои хӯшаии англисӣ ба мутаҷовизон ва бакоргирии мустамари ин силоҳҳо алайҳи мардуми мазлуми Яман, минтақаро ба ҷанг ва нобудӣ кашондаанд. Аммо Эрон нишон додааст, ҳамон гуна, ки ба БАРҶОМ дар чорчӯби эътимодсозӣ дар мавзӯи ҳастаӣ пойбанд аст. Ба тақвияти субот ва оромиш дар минтақа низ мутааҳҳид аст. Ба таъбири Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, он чи Русия, Эрон ва Туркияро барои ёфтани поён барои фоҷеа дар Сурия даври ҳам ҷамъ кард, ин аст, ки терроризм ҳаддду марз намешиносад ва ҳеҷ кас наметавонад бо ҳимоят аз ифротгарӣ ҳатто суди кутоҳмуддат бибарад. Вазири умури хориҷаи Эрон дар суханони дирӯзи худ дар иҷлоси Даоси Швейдсария бо гиламандӣ аз сиёсатҳои Арабистон дар минтақа таъкид кард, суханбозиҳои зиёде аз Арабистон шунида шуд, дар ҳоле, ки ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ду кишвар сиёсатҳои хасмонаи зиддиҳам дошта бошанд ва метавонанд барои субот дар минтақа ҳамкорӣ кунанд. Шакке нест, ки идомаи сиёсати як бому ду ҳаво азҷониби Амрико ва бархе муттаҳидонаш на фақат дар мавриди БАРҶОМ, балки дар сойири мавзӯот дар ҳоли табдил шудан ба чолише аст, ки бояд ба авоқиби он ҷиддӣ андешида шавад.