Зариф: Пешрафти Афғонистон пешрафти Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i1555-Зариф_Пешрафти_Афғонистон_пешрафти_Эрон_аст
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, пешрафт ва амнияти Афғонистон пешрафт ва амнияти Эрон маҳсӯб мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 07, 2016 07:45 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Пешрафти Афғонистон пешрафти Эрон аст

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, пешрафт ва амнияти Афғонистон пешрафт ва амнияти Эрон маҳсӯб мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори Муҳаммадҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Афғонистон дар Теҳрон гуфт, Афғонистон барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамсояе дӯст аст ва ин мавзӯ, сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон талаққӣ мешавад.

Зариф бо ишора ба дастури мақоми муаззами Раҳбарӣ дар бораи таҳсили ҳамаи кӯдакони афғон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шароити мушобеҳ бо кӯдакони эронӣ, гуфт, ин амр баёнгари он аст, ки мо дар болотарин сатҳ ба пешрафт ва тавсеаи Афғонистон эътиқод дорем.

Муҳаммадҳаниф Атмар низ дар ин дидор гуфт, ҳамкорӣ бо Эрон барои Афғонистон аз аҳамияти болое бархӯрдор аст.

Вай ҳамчунин бо бузургдошти солгарди шаҳодати хабарнигор ва ҷамъе аз дипломатҳои Эрон дар Мазори Шарифи Афғонистон, бар ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид кард.

Имрӯз якшанбе ҳафтуми август, мусодиф бо 17-уми мурдод дар Эрон рӯзи хабарнигор номгузорӣ шудааст.

18 сол пеш дар чунин рӯзе, Маҳмуди Соримӣ, хабарнигори хабаргузории Ҷумҳурии Исломии (ИРНА) ва ҳашт тан аз аъзои консулгарии Эрон дар Мазори Шарифи Афғонистон ба дасти гурӯҳи террористии Толибон ба шаҳодат расиданд.