Эъломи номзадҳои дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16052
Шӯрои нигаҳбони Қонуни Асосии Эрон шаби панҷшанбе исми шаш номзади таъйиди салоҳиятшудаи интихоботи дувоздаҳумин давраи риёсатҷумҳурии Эронро ба Вазорати кишвар Эрон эълом кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 21, 2017 17:07 Asia/Dushanbe
  • Эъломи номзадҳои дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон

Шӯрои нигаҳбони Қонуни Асосии Эрон шаби панҷшанбе исми шаш номзади таъйиди салоҳиятшудаи интихоботи дувоздаҳумин давраи риёсатҷумҳурии Эронро ба Вазорати кишвар Эрон эълом кард.

Бар асоси иттилоияи ситоди интихоботи Эрон, Саидмустафо Оқо Мирсалим, Исҳоқ Ҷаҳонгирии Кӯшоӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, Саидоброҳим Раисии Содотӣ, Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Сайидмустафои Ҳошимитабо шаш номзади таъйиди салоҳиятшуда барои интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон ҳастанд.

29 урдибиҳшт, 19 май интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ ҳамзамон бо интихоботи панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру русто дар саросари кишвар баргузор мешавад.