Апрел 25, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ислом далели мухолифати Амрико ва саҳюнистҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст

Раҳбари муаззами Инқилоб Исломӣ имрӯз, сешанбе дар дидори ҷамъе аз масъулони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ ба муносибати солрӯзи биъсати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), Паёмбари мукаррами Ислом таъкид карданд, Амрико ва саҳюнистҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мухолифат мекунанд, чун Ислом дар Эрон боризтар аст ва ҷилави тамаъҷӯии онҳоро мегирад.

Ба гузориши Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дарки иллати душмани мустакбирон бо Исломро вазифаи масъулони кишварҳои исломӣ хонда, тасреҳ карданд: “Давлатҳои исломӣ бояд бифаҳманд, ки ҳадафи Амрико аз ҳамроҳӣ бо як кишвари исломӣ ва душманӣ бо як кишвари дигар ҷилавгирӣ аз ваҳдати ҷаҳони Ислом ва монеатарошӣ бар сари роҳи дарки муштараки мусалмонон аз манофеи ҷавомеи исломӣ аст”. Эшон «тавоноии бемисли Ислом дар рушд ва шукуфои ҷавомеи инсонӣ», «зарфияти шаклдиҳӣ ба тамаддуни тавъами моддӣ ва маънавӣ» ва низ «қудрати Ислом дар муқобила бо зулму тааддӣ»-ро аз далоили асли душмании мустакбирон бо дини мубини Ислом баршумурданд ва гуфтанд, ташкили гурӯҳҳои террористӣ ба номи Ислом ва тафриқаангезӣ миёни кишварҳои исломӣ аз тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд, ғоратгарон бо бархе кишварҳои минтақа ҳамдаст ҳастанд ва барои идомаи ин кор саъй мекунанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ташайюъро душмани онҳо ҷилва диҳад, аммо ҳама бояд ин нуктаро дарк кунанд, ки иттиҳод ва истодагӣ дар муқобили зӯргуён, роҳи пешрафти ҷаҳони Ислом аст.

Эшон сиёсатҳои муштарак ва таҳдидомези ҳама масъулони гузашта ва имрӯзи Амрикоро дар мухолифат бо миллати Эрон нишонаи нияти хабосатолуди масъулони ҳама ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар дониста, афзуданд: “Амрикоиҳо дар ҳама замонҳо барои зарба задан ба Эрон ҳар коре метавонистанд анҷом додаанд, аммо ҳама бидонанд, ҳар касе алайҳи миллати Эрон таарруз кунад, бидуни тардид, ба зарари худаш тамом мешавад”. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин хитоб ба номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон аз онон хостанд, ба мардум қавл бидиҳанд, ки барои пешрафти умури кишвар, тавсеаи иқтисодӣ ва боз кардани гиреҳҳо нигоҳашон ба берун аз марзҳои Эрон набошад.

Пеш аз баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мардумсолории диниро яке аз ҳадяҳои биъсати Паёмбари Ислом (с) дониста гуфт, ҷаҳони Ислом гирифтори хушунат, террор, такфир, бесуботӣ ва ноамнӣ аст ва имрӯз бояд бо дарс гирифтан аз биъсати Набии Ислом (с) кишварҳои минтақа ва кишварҳои исломӣ аз банди мушкилот, ноамнӣ ва бесуботӣ раҳоӣ ёбанд.

 

Барчасп