Май 07, 2017 09:10 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон ба Кобул рафт

Вазири умури хориҷаи Эрон ба даъвати расмии ҳамтои афғонистонии худ, дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ, роҳии ин кишвар шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар сафар як рӯза ба Кобул бо мақомоти афғон, аз ҷумла Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷа, Ашраф Ғанӣ- раисиҷумҳурӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон ва теъдоди дигаре аз мақомоти олирутба ин кишвар дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Дар сафари вазири умури хориҷа Эрон ба Афғонистон қарор аст, дар бораи абъоди мухталифи равобити дуҷониба, чигунагии иртиқоии сатҳи муносиботи ду кишвар ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ шавад.

Эрон ва Афғонистон ба сабаб бархӯрдорӣ аз марз, забон ва мазҳаби муштарак, дар масири густариши ҳамкориҳо гом бармедоранд.

 

Барчасп