Стратеги амрикоӣ: Зариф ҳирфаитарин мубаллиғи насли мост
(last modified 2017-05-30T11:09:57+00:00 )
Май 30, 2017 16:09 Asia/Dushanbe
  • Стратеги амрикоӣ: Зариф ҳирфаитарин мубаллиғи насли мост

Стратеги амрикоӣ дар сафҳаи твиттерии худ дар бораи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон навишт: “Бароям муҳим нест дигарон дар мавридаш чӣ мегӯянд, вале Зариф ҳирфаитарин мубаллиғи насли мост”.

Ба гузориши ИРНА, Марк Дубувитсе, яке аз стратегҳои аслии Амрико барои таҳрими Эрон бо ишора ба ёддошти ахири Зариф дар “Ню-Йорк таймз” дар дифоъ аз мавозеи ҷумҳурии исломӣ афзуд: “Зариф ҳирфаитарин мубаллағи насли мост ва "Ню-Йорк таймз” як устодро намоён кардааст”.

Ҳафтаи гузашта яке аз бузургтарин қарордодҳои низомӣ байни Амрико ва Арабистони Саудӣ бо арзиши 110 миллиард доллар имзо шуд, ки ин маблағ то 350 миллиард доллар тайи як марҳалаи 10-сола қобили афзоиш аст. Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар хусуси ин қарордоди низомӣ дар мақолае дар “Ню-Йорк таймз” навишт: “Дар хушбинонатарин ҳолат оқои Трамп машғули боҷситонӣ ва дӯшидани ҳамсоягони саудии мост, он ҳам аз пуле, ки дар воқеъ, қодир ба пардохти он нестанд”. Ба гуфтаи Зариф, дар бадбинонатарин ҳолат ҳам ӯ Амрикоро ба муздури саудиҳо дар Ховари Миёна табдил хоҳад кард.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон дар хусуси паёмадҳои минтақаии ин тавофуқ низ гуфт, ҳокимони худсари минтақа ин ҳисро пайдо кардаанд, ки як санади сафед имзо гирифтаанд, то тамоми эътирозоти мусолиматомези боқимондаро саркӯб кунанд. Зариф дар ин мақола тасреҳ кард, он чӣ оқои Трамп “анбуҳи таҷҳизоти низомии зебо” хондааст, мурдоберо, ки гандоби терроризм ва ифротгароии ситезаҷӯёна эҷод кардаанд, тахлия нахоҳад кард.

 

Барчасп