Ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i18314-Ҳамлаи_террористӣ_ба_ҳарами_мутаҳҳари_Имом_Хумайнӣ_(раҳ)
Афроди мусаллаҳи террорист бо вуруд ба ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) ва тирандозӣ чанд танро маҷрӯҳ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 07, 2017 12:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ)

Афроди мусаллаҳи террорист бо вуруд ба ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) ва тирандозӣ чанд танро маҷрӯҳ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, имрӯз чаҳоршанбе афроди мусаллаҳи террорист бо ҳамлаи мусаллаҳона дар қисмати ғарбии ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон иддаеро маҷрӯҳ карданд.

Ду нафар аз террористҳо ки яке аз онҳо зан будааст, дар ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ) дастгир шудаанд ва як нафар ҳам худро мунфаҷир кард.

 Омори дақиқе аз талафот ва маҷрӯҳони эҳтимолии ҳамлаи террористӣ дар ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ) мунташир нашудааст.

Ахбори такмилӣ пас аз ин мунташир хоҳад шуд.