Июн 14, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таҳдид ва таҳрим, роҳҳалли мушкилоти миёни кишварҳои арабӣ нест

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Муҳосира, таҳрим, таҳдиду муҷозот барои ҳалли буҳрон дар кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс натиҷабахш нест.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии қатарии Алҷазира афзуд: Эрон муътақид аст, паёме, ки бояд ба ҳамаи кишварҳои Халиҷи Форс ва дигар кишварҳо дода шавад, ин аст, ки дигар ҷое барои мушкилот ва ихтилофот нест, наметавон мушкилоти миёни кишварҳоро бо фишор, таҳдиду муҷозот ҳал кард, танҳо роҳ барои ҳалли мушкилот, гуфтугӯ ва ройзанӣ ва ба таври куллӣ талошҳои дӯстона аст .

Зариф тасреҳ кард: Эрон аз ҳамаи ҳамсоягони худ дар минтақа мехоҳад, бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти мавҷуд, барои ҳалли ихтилофоташон ба гуфтугӯ рӯй биоваранд ва дар паи ҳазфи дигаре набошанд ва ин роҳ, калиди ҳалли мушкилот дар минтақа аст .

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Муҳосира, таҳрим, таҳдиду муҷозот барои шикастани иродаи миллатҳо, ба тақвияти бештари иродаи онон мунҷар мешавад .

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷуми июни ҷорӣ равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ карданд .

Буҳрони байни ин кишварҳо, ба баҳонаи эъломи ҳимояти Қатар аз гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон ва ҳамсӯ набудани Давҳа бо ҷарёни арабӣ оғоз шудааст .

 

Барчасп