Фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳ: Паёми ҳамлаи мушакии Эрон ба мавозеи ДИИШ-ро душманон дарёфт карданд
(last modified Sun, 25 Jun 2017 05:16:05 GMT )
Июн 25, 2017 10:16 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳ: Паёми ҳамлаи мушакии Эрон ба мавозеи ДИИШ-ро душманон дарёфт карданд

Фармондеҳи нерӯи ҳаво - фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, паёми ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мавозеи гурӯҳи террористи ДИИШ дар Сурияро душманони минтақаӣ ва фаромитақавии Эрон дарёфт карданд.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон шомгоҳи якшанбеи гузашта (18 июни ҷорӣ) бо ҳадафи танбеҳи террористҳои такфирӣ дар Сурия, мақари фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммӯъ, пуштибонӣ ва сохти худравҳои инфиҷории террористҳои ДИИШ-ро дар Дайр ул Зур, шарқи Сурия бо шаш адад мушаки миёнбурди замин ба замин ҳадаф қарор дод.

Генерал Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо, афзуд, ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ба ниёбат аз миллати душманситези Эрон, хонаводаи шуҳадо ва бозмондагон ва осебдидагони ҳамалоти террористии ҳафтуми июни ҷорӣ дар Теҳрон анҷом шуд.

Ҳамалоти ҳафтуми июни аносури вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Теҳрон, 18 шаҳид ва 52 захмӣ бар ҷо гузошт. Дар пайи ин ҷиноят, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом карда буд, ки рехта шудани ҳеҷ хуни покеро бидуни посух намегузорад.

Генерал Амиралӣ Ҳоҷизода таъкид кард, бо ин ҳамлаи мушакӣ, зарбаи сангин ва талафоти зиёде бар гурӯҳи террористии ДИИШ ворид шуд ва ин амалиёт, инсиҷоми террористҳоро ба таври комил аз байн бурд.

 

Барчасп