Июл 03, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Тавсифи Рӯҳонӣ аз нақши террористҳо дар мушкилоти зистмуҳитии минтақа

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Ҳалли мушкилоти зистмуҳитӣ, ниёзманди барномарезӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар Ҳамоиши байналмилалии “Муқобила бо гарду ғубор”: Чолишҳо ва роҳҳалҳои амалӣ” дар Теҳрон гуфт: 80 дарсади гарду ғуборҳои сарзаминӣ дар Эрон, маншаи хориҷӣ дорад ва кишварҳои Ироқ, Урдун, Кувайт, Сурия, Арабистон, Покистон, Афғонистон ва Туркманистон, маншаи гарду ғубор дар минтақа ҳастанд .

Рӯҳонӣ гуфт, кишварҳои минтақа узви як хонавода ҳастанд ва наметавонанд аз ҳам фосила бигиранд .

Вай афзуд, вақте гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар Ироқу Сурия ба тахриби сохтмонҳо, мазореъ ва куштани инсонҳои бегуноҳ мепардозанд, заминҳои кишоварзии ободи минтақа ба биёбон табдил хоҳад шуд ва гарду ғубори он низ барои мардуми минтақа мушкил эҷод хоҳад кард .

Раисҷумҳури исломии Эрон, роҳи бурунрафт аз мушкилотро тавсеаи равобити кишварҳо ва густариши ҳамкориҳо донисту гуфт: Созмони милали муттаҳид бояд дар ин замина эҳсоси масъулияти бештаре кунад ва ҳамаи тавони худро барои рафъи ин муъзал ба кор гирад .

Нахустин Ҳамоиши байналмилалии гарду ғубор имрӯз бо ҳузури раисҷумҳури исломии Эрон, намояндагони Созмони милали муттаҳид, вазирон ва намояндагони 43 кишвар дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва то рӯзи чаҳоршанбе панҷуми июл идома хоҳад дошт .

 

Барчасп