Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати даргузашти нобиғаи риёзии Эрон ва ҷаҳон
(last modified 2017-07-15T13:35:58+00:00 )
Июл 15, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати даргузашти нобиғаи риёзии Эрон ва ҷаҳон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме даргузашти Марями Мирзохонӣ, нобиғаи номдори риёзии Эрон ва ҷаҳонро таслият гуфт.

Марями Мирзохонӣ барандаи медали Филдс ва устоди риёзӣ, ки ба далели бемории саратон дар яке аз бемористонҳои Амрико бистарӣ буд, имрӯз (шанбе) дар сини 40 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин паём навишт, дурахшиши беназири ин донишманди халлоқ ва инсони мутавозеъ, ки номи Эронро дар маҷомеи илмии ҷаҳонӣ танинандоз кард, нуқтаи атфе дар муаррифии ҳиммати волои занон ва ҷавонони эронӣ дар масири касби қулаҳои ифтихор ва арсаҳои гуногуни байналмилалӣ буд.

Рӯҳонӣ бо арҷ ниҳодан ба хадамоти илмӣ ва осори мондагори Марями Мирзохонӣ, барои умуми бозмондагон сабр ва аҷр масъалат кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷа, Алакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомӣ, Муҳаммади Фарҳодӣ. вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон ва Гэри Лиюис, намояндаи муқими Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон низ дар паёмҳое, даргузашти ин бонуи нобиғаи эрониро таслият гуфтанд.

Марями Мирзохонӣ сеюми майи соли 1977 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омад.

Ин нобиғаи эронӣ пас аз итмоми таҳсилоти мутавассита, таҳсилоти коршиносии худро дар риштаи риёзӣ дар Донишгоҳи санъатии Шарифи Эрон ба поён бурд. Вай пас аз поёни давраи коршиносӣ барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи Ҳарварди Амрико рафт ва дар соли 1999 замоне, ки дар Донишгоҳи Принстон ба таҳқиқ ва тадрис иштиғол дошт, муваффақ шуд роҳи ҳалле барои як мушкили риёзӣ пайдо кунад.

Мирзохонӣ дар соли 2014 ба далели анҷоми таҳқиқот дар заминаи «динамик ва ҳандаса, сутӯҳи Римана ва фазоҳои паймонаии онҳо» барандаи медали Филдс  шуд, ки болотарин ҷоиза дар риёзиёт аст.

Мирзохонӣ нахустин зан ва нахустини эронии барандаи медали Филдс аст.

 

Барчасп