Тасвиби куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти хасмонаи Амрико дар Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон
(last modified 2017-07-29T12:24:59+00:00 )
Июл 29, 2017 17:24 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти хасмонаи Амрико дар Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон

Куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти террористӣ ва моҷароҷӯёнаи Амрико дар минтақа, дар ҷаласаи фавқулодаи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон тасвиб шуд.

   Аъзои Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҷаласаи фавқулода, ба баррасии куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти террористӣ ва моҷароҷӯёнаи Амрико дар минтақа, бо ҳузури Аббоси Ироқчӣ- муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазири хориҷаи Эрон пардохтанд.

  Куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти террористӣ ва моҷароҷӯёнаи Амрико дар минтақа, бо раъйи мусбати ҳамаи аъзои Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба тасвиб расид.

  Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар ҷаласаи баъдӣ, ки ба эҳтимоли зиёд ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд, вориди баррасии ҷузъиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти террористӣ ва моҷароҷӯёнаи Амрико дар минтақа мешавад.

  Дар ҳамин ҳол, Алоуддин Буруҷердӣ- раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар поёни ҷаласаи фавқулодаи ин комиссия, таъкид кард, тасвиби куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти моҷароҷӯёна ва террористии Амрико дар минтақа, нишон диҳандаи ҳоким будани ваҳдати комил дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон муқобили иқдоми Конгреси Амрико аст.

 Аббоси Ироқчӣ ҳам дар ҷамъи хабарнигорон ва пас аз ҷаласаи фавқулодаи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, дар бораи қонуни таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Эрон, аз нақзи бандҳои 26, 28 ва 29 БАРҶОМ бо ин қонуни ҷадиди Амрико хабар дод ва тасреҳ кард, Эрон ба ин қонуни Конгрес посухи қотеъ хоҳад дод.

  Ироқчӣ таъкид кард, вазорати хориҷаи Эрон бо пешнависе, ки Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон дар бораи таҳримҳои ҷадиди Амрико таҳия карда, мувофиқ буда ва ниёз аст ба иқдоми хасмона ва хабисонаи Амрико, ки метавонад осореро бар БАРҶОМ бигузорад ва манофеи Ҷумҳурии Исломии Эронро коҳиш диҳад, посух дода шавад.

 Маҷлиси намояндагони Амрико 25 июли 2017, тарҳи ҷомеи таҳримҳои Эронро бо 419 раъйи мувофиқ тасвиб кард ва Сенати Амрико низ 27 июли ҷорӣ бо 98 раъй ба ин тарҳ раъй дод.

 

Барчасп