Рӯҳонӣ: Даврони кудато ба сар омадааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i208-Рӯҳонӣ_Даврони_кудато_ба_сар_омадааст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, даврони кудато ва тупу танк басар омадааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 17, 2016 09:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Даврони кудато ба сар омадааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, даврони кудато ва тупу танк басар омадааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз (якшанбе) дар ҷамъи мардуми устони Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон, бо ишора ба кудато дар Туркия, гуфт, муттаассифона ҳанӯз дар минтақа иддае фикр мекунанд бо кудато метавон қудратро ҷоба ҷо кард ва муътақиданд бо танку туп, ҳавопаймо ва чархболҳо як ҳукумати интихоб шудаи мардумиро сарнагун кард.

Вай Эрон афзуд, танҳо роҳи ҳалли мушкилоти минтақа, роҳи имон, роҳи мардумсолорӣ ва роҳ мардум аст ва ҳам дар Эрон, ҳам дар Туркия, ҳам дар Лубнон, Сурия, Баҳрайн ва Яман, сандӯқи раъй, таъинкунанда аст.

Рӯҳонӣ таъкид кард, миллати Эрон дар сафи муқаддами мубориза бо одамкушон ва террористҳо дар кулли минтақа аст.

Вай ҳамчунин бо ишора ба талоши давлати худ барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ дар Эрон гуфт, роҳе ҷуз "иқтисоди муқовиматӣ" барои пешрафт надорем.