Сентябр 07, 2017 19:18 Asia/Dushanbe
  • Куштигирони навҷавони Эрон ноиб қаҳрамони ҷаҳон шуданд

Тими куштии фарангии навҷавонони Эрон, дар рақобатҳои ҷаҳонии “2017 Юнон” бо касби ду медали тилло, як нуқра ва ду бурунз ноиб қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Рақобатҳои куштии фарангии навҷавонони қаҳрамони ҷаҳон, чаҳорум то шашуми сентябр дар шаҳри Афина- пойтахти Юнон баргузор шуд.

Дар поёни ин рақобатҳо, тими Эрон дар вазнҳои 58 ва 76 килограмм медали тилло, дар вазни 63 килограмм медали нуқра ва дар вазнҳои 85 ва 100 килограмм ба медали бурунз ва мақоми ноиб қаҳрамони ҷаҳон расид.

Тими Русия дар ин рақобатҳо унвони қаҳрамони ҷаҳонро аз- они худ кард.

Барчасп