Раҳбари муаззами Инқилоб: Режими саҳюнистӣ ба дунболи эҷоди “Исроили ҷадид” дар минтақа аст
(last modified 2017-10-05T06:14:31+00:00 )
Октябр 05, 2017 11:14 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоб: Режими саҳюнистӣ ба дунболи эҷоди “Исроили ҷадид” дар минтақа аст

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо ишора ба манофеи Амрико ва режими саҳюнистӣ аз баргузории ҳамапурсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ хотирнишон карданд, Амрико ва қудратҳои хориҷӣ ғайриқобили эътимод ва ба дунболи эҷоди як “Исроили ҷадид” дар минтақа ҳастанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ чаҳоршанбешаб дар дидори раиси ҷумҳурии Туркия баргузории ҳамапурсӣ дар Курдистони Ироқро хиёнат ба минтақа ва муҷиби таҳдиди ояндаи он хонданд ва бо ишора ба аворизи дарозмуддати ин иқдом барои ҳамсоягон, таъкид карданд: “Эрону Туркия бояд дар муқобила бо ин ҳодиса, ҳар иқдоми мумкинро анҷом диҳанд ва давлати Ироқ низ бояд дар ин қазия ба сурати ҷиддӣ тасмимгирӣ ва иқдом кунад”.

Эшон ҳамкорӣ, ҳамфикрӣ ва тасмимҳои воҳиду ҷиддии сиёсиву иқтисодӣ аз сӯйи Эрону Туркия дар муқобила бо ин қазияро бисёр муҳим донистанду хотирнишон карданд: “Нигоҳи Амрико ва давлатҳои аврупоӣ ба ин мавзӯъ бо нигоҳи Эрону Туркия комилан мутафовит аст”.

Раҳбари муаззами Инқилоб мутазаккир шуданд, Амрико мойил аст, ки ҳамвора як омили озордиҳанда алайҳи Эрону Туркия дар ихтиёр дошта бошад, бинобарин ба амрикоиҳову аврупоиҳо ва мавозеи онҳо ба ҳеч ваҷҳ наметавон эътимод кард.

Эшон бо ишора ба мушкилоти ҷиддӣ дар ҷаҳони Ислом аз шарқи Осиё ва Миёнмор то шимоли Африқо гуфтанд: “Дар муқобили ин мушкилот агар Эрону Туркия дар масъалае ба тавофуқ даст пайдо кунанд, он тавофуқ қатъан амалӣ хоҳад шуд ва нафъи он ба ҳар ду кишвар ва ба дунёи Ислом хоҳад расид”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкориҳои Эрону Туркия дар иҷлоси Остона ва раванди рӯ ба беҳбуди қазоёи Сурия дар асари ин ҳамкориҳо афзуданд: “Албатта масъалаи ДИИШ ва такфириҳо ба ин шакл поён нахоҳад ёфт ва ҳалли ин масъала ниёзманди як барномаи баландмуддату воқеӣ аст”.

Раиси ҷумҳурии Туркия низ дар ин дидор бо таъкид бар лузуми эҷоди иттиҳоди қудратманд байни Эрону Туркия дар минтақа гуфт, бар асоси асноду шавоҳиди ғайриқобили инкор, Амрикову Исроил дар хусуси масъалаи Курдистон ба як тавофуқи куллӣ расидаанд ва Боризонӣ бо баргузории ҳамапурсӣ хатое ғайриқобили бахшиш муртакиб шуд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо баёни ин ки Амрико, Фаронса ва Исроил мехоҳанд кишварҳоро дар Ховари Миёна таҷзия ва аз ин шароит ба нафъи худ баҳрабардорӣ кунанд, хотирнишон кард, онҳо барои Сурия низ ҳамин нақшаро доранду иттиҳоду тасмими воҳиди Эрону Туркия дар ин хусус бисёр муҳим аст.

 

Барчасп