Рӯҳонӣ: Ҳама мардуми Эрон дар канори зилзилазадагон ҳастанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз манотиқи зилзилазадаи устони Кирмоншоҳи Эрон боздид ва мардуми доғдору хисоратдидаро дилбардорӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ барои боздид аз манотиқи зилзилазада субҳи рӯзи сешанбе вориди устони зилзилазадаи Кирмоншоҳ, ғарби Эрон шуд. Рӯҳонӣ зимни вуруд ба ин устон ва арзи таслият ба хонаводаҳои доғдор дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҳукумат бо ҳама тавони худ барои ёрии осебдидагони зилзила вориди амал шудааст ва талош хоҳад кард, то дар кӯтоҳтарин замон ин мушкилро ҳал кунад. Рӯҳонӣ гуфт: «Ҳеҷ эроние нест, ки имрӯз ба фикри мардуми Кирмоншоҳ набошад ва ҳама бояд дар канори якдигар барои рафъи мушкилоти зилзилазадагон тамоми тавони худро ба кор гиранд”. Ӯ аз пардохти қарзи бебозгашт ба хонаводаҳое, ки дар асари зилзила хисорат дидаанд, хабар дод.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз ҳама кишварҳое, ки дар ин ҳодиса бо миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд, сипосгузорӣ кард. Рӯҳонӣ аз Худованд барои маҷрӯҳони ин зилзила шифои оҷил ва барои ҳама мусибатдидагон низ сабр хост. Ҳуҷҷатулислом Абдулҳусайн Муиззӣ, намояндаи Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон низ ба намояндагӣ аз эшон барои боздид аз манотиқи зилзилазада ва баррасии раванди хидматрасонӣ ба зилзилазадагон вориди устони Кирмоншоҳ шуд.
Дар асари заминларзаи шадиди 7.3-дараҷаии шаби якшанбе дар манотиқи мухталифи ғарби Эрон то кунун 430 нафар ҷон бохта, беш аз ҳафт ҳазор тан низ захмӣ шудааст.