Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Ғалати зиёди Амрико дар хусуси Қудс ба саранҷом нахоҳад расид
(last modified 2018-01-16T16:26:46+00:00 )
Январ 16, 2018 21:26 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Ғалати зиёди Амрико дар хусуси Қудс ба саранҷом нахоҳад расид

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ иқдоми ахири Амрико дар бораи Қудсро «ғалати зиёде» хонданд ва гуфтанд, онҳо қодир ба анҷоми чунин коре нахоҳанд буд ва талошҳои онҳо ба саранҷом нахоҳад расид.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ асри имрӯз дар дидор бо меҳмонони ширкаткунанда дар сездаҳумин иҷлоси байнипарлумонии кишварҳои исломӣ мавзӯи Фаластинро дар садри масоили дунёи Ислом донистанд ва афзуданд, “дар қазияи Фаластин се ҳодиса: ишғоли сарзамин, табъиди дастаҷамъӣ ва миллионии мардум, қатли ом ва ҷинояти азими башарӣ иттифоқ афтодааст, ки ин ситам дар таърих назир надорад”. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дифоъ аз Фаластинро вазифаи ҳама донистанд ва таъкид карданд, набояд тасаввур шавад, ки муқобила бо режими саҳюнистӣ фоидае надорад, балки ба изну лутфи Худованд, муҷоҳидатҳо дар муқобили режими саҳюнистӣ ба натиҷа хоҳад расид, ҳамон гуна ки ҷараёни муқовимат нисбат ба солҳои қабл пешрафт кардааст. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд: “Давлатҳое, ки дар минтақа ба амрикоиҳо кумак ва бо режими саҳюнистӣ ҳамкорӣ мекунанд, то бо бародарони мусалмон ситез кунанд, муртакиби хиёнати сареҳ мешаванд; ҳамонанди коре, ки саудиҳо анҷом медиҳанд”. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки саҳюнистҳо рӯзе шиори «Аз нил то Фурот»-ро медоданд, аммо акнун барои муҳофизат аз худ маҷбур ба деворкашӣ шудаанд, таъкид карданд: “Бидуни тардид, Фаластин як маҷмӯа ва таърихи «аз баҳр то наҳр» аст ва Қудс низ пойтахти он аст ва имкони ҳеҷ хадшае бар ин ҳақиқат вуҷуд надорад”.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба тарҳи масоили Миёнмор ва Кашмир дар иҷлоси байнипарлумонии исломӣ ва дар айни ҳол ғафлат аз тарҳи масоили бисёр муҳими Яман ва Баҳрайн дар ин иҷлос афзуданд: “Набояд гузошт, ки империяи хатарноки таблиғоти Ғарб, ки умдатан ба дасти саҳюнистҳо идора мешавад, масоили муҳими дунёи Исломро нодида бигирад ва бо тавтеаи сукут масоили аслии уммати исломиро маҳв кунад”. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар лузуми ҳамафзоии кишварҳои исломӣ хотирнишон карданд: “Набояд иҷоза дод, ихтилофот, ҷанг ва хунрезӣ дар дунёи Ислом, ки омили аслии он низ амрикоиҳо ва саҳюнистҳо ҳастанд, заминасози ҳошияи амн барои режими саҳюнистӣ шавад”. Эшон бо ишора ба иддаои Амрико дар ҳимоят аз ҳуқуқи башар гуфтанд: “Шахсе, ки имрӯз дар Амрико бар сари кор аст, бисёр сареҳу урён мавозеи ин кишварро эълом мекунад. Албатта, қаблиҳо низ ҳамин мавозеъро доштанд, вале ба ин сароҳат эълом намекарданд ва намунаи боризи ин мавзеъ суханони ахири ӯ дар бораи Африқо, Амрикои Лотинӣ ва нажодҳои дигар аст, ки мисдоқи иқдоми зидди ҳуқуқи башар аст. Бинобар ин бояд ин иддаоҳои дурӯғро ифшо кард”. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ яке дигар аз иддаоҳои ғайривоқеии давлати Амрикоро мавзӯи мубориза бо терроризм хонданд ва афзуданд: “Бояд бо баёни ҳақоиқу бармало кардани дурӯғ будани ин иддаоҳо ҷараёнсозӣ кард ва афкори умумии мардуму нухбагонро таҳти таъсир қарор дод”.

 

Барчасп