Рӯҳонӣ: Бо кумаки Эрон, миллатҳои минтақа аз шарри террористҳо наҷот пайдо карданд
(last modified Sun, 11 Feb 2018 10:19:43 GMT )
Феврал 11, 2018 15:19 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Бо кумаки Эрон, миллатҳои минтақа аз шарри террористҳо наҷот пайдо карданд

Раисҷумҳури исломии Эрон, гуфт: Соле, ки гузашт, соли пирӯзии миллати Эрон дар баробари терроризм ва соли пур аз муваффақият барои мардуми минтақа буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар иҷтимои бузурги мардуми Теҳрон дар маросими роҳпаймоии сиву нуҳумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, таъкид кард: Кумакҳои Эрон ба мардуми Ироқу мардуми Сурия, ба самар нишаст ва миллатҳои минтақа аз шарри террористҳо наҷот пайдо карданд .

Раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки тавтеагарон дар пайи таҷзияи кишварҳои минтақа буданд, тасреҳ кард: Ҳушёрии миллати Ироқ ва кумаки кишварҳои минтақа, ваҳдати миллии кишварҳои дӯсти Эронро дар минтақа тазмин кард .

Рӯҳонӣ афзуд: Ҳушёрии мардуми Лубнон ва ҳимояти кишварҳои дӯст низ тавтеаи Амрико ва саҳюнизмро дар ин минтақа хунсо кард .

Раиси қувваи муҷрияи Эрон ҳамчунин ба шикастҳои мукаррари Амрико дар тақобул бо миллати Эрон дар саҳнаи байналмилалӣ ишораву хотирнишон кард: Амрикоиҳо дар пайи мудохила дар умури дохилии Эрон буданд, аммо мардуми Эрон бо ваҳдат, иттиҳод ва истодагӣ, тарҳу тавтеаи онҳоро хунсо карданд .

Рӯҳонӣ тасреҳ кард: Амрико дар барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) токунун чанд бор барои аз байн бурдани ин тавофуқи муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ талош карда, аммо токунун муваффақ набудааст ва агар онҳо бихоҳанд, аз БАРҶОМ хориҷ шаванд, зарари онро ба зудӣ хоҳанд дид .

Раисҷумҳури исломии Эрон ба тавтеаи Амрико зидди Қудс, Фаластин ва мардуми минтақа низ ишора карду гуфт: Ҷаҳон дар баробари тавтеаи Амрико истод ва на фақат кишварҳои исломӣ, ба ҷуз чанд кишвар, ҳамаи кишварҳо бо ин тавтеа дар Маҷмаи умумии Созмони милал мухолифат карданд .