Раҳбари муаззами инқилоб: Он рӯзе, ки намози ҷамоат дар Қудс хонда шавад ба зуддӣ хоҳад омад
(last modified 2018-03-01T15:52:04+00:00 )
Март 01, 2018 20:52 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Он рӯзе, ки намози ҷамоат дар Қудс хонда шавад ба зуддӣ хоҳад омад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори ҷамъе аз уламои Сурия таъкид карданд: «умедворем ҳамаи мо он рӯзеро бубинем, ки шумо дар Қудс намози ҷамоат мехонед ва он рӯз низ дер нахоҳад буд ва ба зуддӣ хоҳад омад, чӣ амсоли мо бошанд ё набошанд.»

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи панҷшанбе дар дидори Абдуссаттор Ал Саид, вазири Авқоф ва ҷамъе аз уламои Сурия, хотирнишон карданд: «чанд соли пеш режими саҳюнистӣ мегуфт, Эронро то 25 соли оянда чунин ва чунон мекунем, ки ҳамон мавқеъ гуфтам, шумо 25 соли дигарро дарк нахоҳед кард.»

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо таҷлил аз Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, афзуданд: «Сурия имрӯз дар хатти муқаддам қарор дорад, бино бар ин вазифаи мо ҳимоят аз истодагии Сурия аст».

Эшон идома доданд: «албатта оқои Асад дар чеҳраи як муборизи бузург зоҳир шуд ва бидуни тардид ва бо субот истод, ки ин барои як миллат бисёр муҳим аст.»

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, зиллати бархе миллатҳоро ношӣ аз зиллати раҳбаронашон донистанд ва тасреҳ карданд, душман дар муқобили миллати иззатманде, ки раҳбарони он бо ифтихор ба Ислом ва ҳувияташон эҳсоси иззат мекунанд, ҳеҷ коре наметавонад бикунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, хотирнишон карданд, Инқилоби Исломии Эрон дар ҳоле вориди 40 солагӣ шуд, ки аз рӯзи аввал ҳамаи қудратҳои дараҷа яки дунё ҳамчун Амрико, Шӯравӣ, НАТО ва иртиҷои минтақа муттаҳид шуданд, то Ҷумҳурии исломиро аз байн бибаранд, аммо ин инқилоб монд ва рушд кард.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар шарҳи ин воқиеяти умедбахш ва қудратдиҳанда афзуданд, мондагории инқилоби миллати Эрон нишон дод, ончи Амрико, Аврупо ва қудратҳои атомии дунё мехоҳанд, лузуман шуданӣ нест ва агар ҳамаи мо ва аносури ҷабҳаи муқовамат дар минтақа қотеъ бошем, душманон ҳеҷ ғалате наметавонанд бикунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳамчунин вазифаи уммати исломӣ дар қиболи ихтилофафканиҳои ношӣ аз сиёсатҳои истикборӣ, ҳамчун иқдомоти саудиҳоро муқобилаи қотеъ хонданд ва гуфтанд: «мо он шиаеро, ки Лондон ва он сунниеро, ки Амрико ва Исроил аз ӯ ҳимоят кунад, қабул надорем; Зеро Ислом бо куфр, зулм ва истикбор мухолиф аст.»

 

Барчасп