Март 31, 2018 16:15 Asia/Dushanbe
  • Эрон фоҷеаи куштори фаластиниён тавассути саҳюнистҳоро дар марзи Ғазза маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон куштори даҳҳо нафар ва захмӣ шудани теъдоди бешуморе аз фаластиниён тавассути низомиёни нажодпарасти режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолиро маҳкум кард.

Фаластиниҳои сокини борикаи Ғазза рӯзи гузашта зимни баргузории Рӯзи замин роҳпаймоии бузургу мусолиматомези «Ҳаққи бозгашт»-ро дар марзи борикаи Ғазза бо фаластини ишғолӣ баргузор карданд. Бо ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба ин роҳпаймоӣ 16 нафар шаҳид шуд.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи шанбе гуфт, дар ҳоле ки режими саҳюнистӣ собиқаи тӯлонӣ дар ишғолгарӣ, куштор ва ҷиноят дорад, мутаассифона, ҳимоятҳои бедареғи раисҷумҳур, аъзои Ҳукумати Амрико, талошҳои шармовари бархе раҳбарони хомандеши минтақа барои барқарории иртиботи пайдову  пинҳон ва зиллатбору нангин бо ин режим боиси густохии бештари режими саҳюнистӣ дар ба хоку хун кашидани тазоҳуроти мусолиматомези ҷавонони фаластинӣ дар остонаи Рӯзи пасаҳ (Иди пок) шудааст. Қосимӣ бо фаро хондани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳама ононе, ки ҳанӯз дил дар гарави инсоният дар ҷаҳони имрӯз доранд, барои анҷоми иқдомоти фаврӣ ва қотеъ дар баробари ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ афзуд, дар ин марҳалаи ҳассос ба назар мерасад, кишварҳои минтақа ба ҷойи пардохтан ба низоъҳои дарунӣ ва мусаллаҳ кардани худ барои таҳдиди соири кишварҳои исломӣ бояд ҳама абзор ва нерӯҳои миллию мардумии худро дар масири мубориза бо сиёсатҳои тавсеаталабона ва зиддибашарии режими саҳюнистӣ ба кор гиранд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, қатъан раҳбарони маҳдуди бархе кишварҳои шинохташудаи минтақа, ки барои касби ризоияти Амрико ба таври махфиёна ба дунболи барқарории иртибот бо режими саҳюнистӣ ҳастанд, дар куштори ахири даҳҳо фаластинӣ нақшу масъулияти мустақим доранд ва бояд посухгӯи афкори умум ва виҷдонҳои бедори ҷаҳон бошанд.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон ҷинояти ахири режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолиро нишондиҳандаи хӯи ғайриинсонии ин режим дониста, бар муқовимати кишварҳои исломӣ то поёни ишғолгарӣ ва таъмини ҳаққи комили фаластиниён таъкид кард.

 

Барчасп