Апрел 28, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • Сафари Зариф ба Маскав, нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон барои ширкат дар Нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия, субҳи имрӯз озими Маскав шуд.  

Дар ин нишасти якрӯза масоиле аз ҷумла оташбас дар Сурия, ва раванди музокироти Остона ва охирин таҳаввулоти Сурия мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Музокироти Остона аз январи 2017 бо ибтикори ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва ҳамкории Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шуд.

Бо талошҳои Эрон, Русия ва Туркия, раванди музокироти сулҳи Остона шакл гирифт ва дар чорчуби ин музокирот пешрафтҳои муҳиме дар ҳалли буҳрони Сурия ба даст омадааст.

Ибтикори амали Теҳрон, Маскав ва Анкара тавонистааст ду ҳадафи роҳбурдӣ яъне муқобила бо ДИИШ ва эҷоди заминаи гуфтугӯҳои миллӣ дар Сурияро баъд аз ҳафт сол ҷанг ва вайронӣ фароҳам кунад.

Арзиши стратегии ин музокирот ба ҷиҳати тамаркуз бар минтақагароӣ барои ҳалли буҳрони Сурия аст.  

Сергей Буберин, коршиноси аршади масоили байналмилалӣ мегӯяд: “онки имрӯз террористҳо мавозеи худ ро дар Сурияро аз даст додаанд, натиҷаи талошҳои Маскав, Теҳрон ва то ҳудуде Анкара будааст”.  

Елена Доная, коршиноси аршади институти ховаршиносии вобаста ба Академияи улуми Русия мегӯяд: “Эрон, Русия ва Туркия дар барқарории сулҳ дар Сурия нақши калидӣ бар уҳда гирифта ва талошҳои онҳо дар як соли ахир аз замони баргузории нахустин нишасти сулҳи Остона ба самар нишастааст”.  

Вай тасреҳ мекунад: “Сурия акнун вориди марҳалаи ҳассосе шудааст ва ниёз ба кумакҳои дӯстон худ беш аз ҳар замони дигаре эҳсос мешавад”.

Бо қатъият метавон гуфт, ки Эрон, Русия ва Туркия ба унвони кишварҳои ҳомии музокироти сулҳи Остона дар барқарории сулҳ дар кишвари Сурия нақши муҳиме ифо кардаанд, ки ғайри қобили инкор аст.

Стефан де Мистура, фиристодаи Созмон милал ба Сурия ҳафтаи гузашта эълом кард, нишасти Сочи тарҳе мумтоз барои музокироти Сурия аст ва бояд кумак кард, то шароити таҳаққуқи комили он фароҳам шавад.

Аз ин рӯ, ҳар як аз ин се кишвар ва Созмони милал далоиле мантиқӣ барои ҳимоят аз идомаи талошҳо дар ин масирро доранд, то аҳдофи музокироти Остона ба таври комил таҳаққуқ ёбад.