Баёнияи артиши Эрон: Ҷаҳон ба зудӣ шоҳиди нобудии режими саҳюнистӣ хоҳад буд
(last modified Wed, 06 Jun 2018 12:31:38 GMT )
Июн 06, 2018 17:31 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи артиши Эрон: Ҷаҳон ба зудӣ шоҳиди нобудии режими саҳюнистӣ хоҳад буд

Артиши ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: Бо шикаст ва измиҳлоли гурӯҳакҳои террористӣ дар минтақа, режими саҳюнистӣ дар инфиол ва инзиво қарор гирифта ва бо ҷиноёти ҷадид расвотар аз гузашта дар сарошебии суқут ва нобудӣ аст.

Артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар баёнияе рӯзи Қудсро нишондиҳандаи сафороии ҳақ дар муқобили ботил донист ва тасреҳ кард: Рӯзи Қудс рӯзи ҳамбастагӣ, ваҳдат ва ҳамдилии миллатҳои мусулмон бо миллати мазлуми Фаластин дар баробари тавтеаҳои шуму хабиси режими саҳюнистӣ ва Амрикои ҷинояткор аст.  

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон Рӯзи ҷаҳонии Қудс ном‎гузорӣ шудааст.