Тими футболи Эрон; беҳтарин тими дифоӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия
Федератсияи байналмиллалии футбол(ФИФА) дар гузорише тими миллии футболи Эронро ба унвони беҳтарин тими дифоӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия муъаррифӣ кард.
Сайти Федератсияи байналмиллалии футбол(ФИФА) рӯзи ҷумъа дар гузорише беҳтаринҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русияро то марҳилаи гуруҳӣ эълом кард, ки бар асоси он тими миллии футболи Эрон бо 149 мавриди дафъи туп ва сейв(Save) ба унвони бартарин тими ин ҷом дар дифоъ муъаррифӣ шуд.
Бар асоси ин гузориш, тими миллии футболи Олмон бо 252 ҳамла муқобили ҳарифон беҳтарин тими ҳуҷумӣ, Спания бо дуҳазору 89 пос, беҳтарин тим аз лиҳози теъдоди пос ва Белгия бо 9 голи зада бартарин хатти ҳамлаи Ҷоми ҷаҳонии 2018-ро ба худ ихтисос доданд.
Алиризо Фағонӣ довари эронӣ низ рутбаи дуввуми бартарин доварони ин ҷомро дар марҳилаи гуруҳӣ касб кард.
Тими миллии футболи Эрон тавонист дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия амалкарде фаротар аз интизорро аз худ ба намоиш бигузорад.
Тими Эрон дар дидори аввали худ муқобили Марокиш бо натиҷаи як бар сифр ба пирӯзӣ расид ва дар дидори дуввум дар баробари Спания яке аз иддаогарони қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳонӣ бо як гол натиҷаро вогузор кард.
Тими миллии футболи Эрон дар баробари Португалия қаҳрамони Аврупо низ ба баробарии як бар як даст ёфт ва фақат бо як имтиёз камтар нисбат ба Спания ва Португалия аз Ҷоми ҷаҳонии 2018 худоҳофизӣ кард.