Раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон: Бадхоҳон бори дигар дар расидан ба аҳдофи худ ноком хоҳанд монд
(last modified Sat, 30 Jun 2018 11:22:38 GMT )
Июн 30, 2018 16:22 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон: Бадхоҳон бори дигар дар расидан ба аҳдофи худ ноком хоҳанд монд

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломии бо ишора ба тавтеаи душман барои эҷоди рахна миёни низоми исломӣ ва ‏мардум таъкид карданд, агар муаллифаҳои иқтидори миллӣ тақвият шаванд ва дар баробари душман сустӣ ва таслим нишон дода нашавад, бадхоҳон бори дигар дар расидан ба аҳдофи ‏худ ноком хоҳанд монд.‏

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи шанбе дар маросими донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳи Имом Ҳусайн(а) афзуданд, бузургтарин далел барои иқтидори миллати Эрон ин аст, ки яке аз сафоктарин ва бераҳмтарин қудратҳои ҷаҳон яъне Амрико, дар чиҳил соли гузашта, аз ҳеҷ талош ва шарорате барои муқобила бо миллати Эрон фурӯгузорӣ накарда, аммо натавониста ғалате бикунад ва дар муқобил, миллати Эрон пешрафтатар шудааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд, ба далели қудрат ва пешрафти низоми Ҷумҳурии исломӣ, душмании Амрико бештар шуда ва албатта нафрати миллати Эрон ҳам аз Амрико, рӯз барӯз бештар шудааст.

Эшон бо таъкид бар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон як низоми муттакӣ бар ҳамаи мардум, имон,муҳаббат ва авотифи онон аст, ба шикасти талошҳои раисони ҷумҳурии қаблии Амрико барои муқобила бо Ҷумҳурии исломӣ ишора карданд ва афзуданд, ҳадаф аз фишорҳои иқтисодии кунунӣ, ба сутӯҳ овардани мардум аст, аммо ба ҳавлу қувваи илоҳӣ, мо пайвандамонро рӯзбаруз бо мардуми бештар хоҳем кард ва бо ҳифзи инсиҷоме душманшикани худ, ҷавонони муъмин ва пурангеза ва аҳли иқдомро тақвият хоҳем кард.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, иқтидори воқеиро ҷушанда аз даруни миллат ва бар пояи истиқлол ва озодӣ донистанд ва тасреҳ карданд, ин иқтидор нест, ки бархе ба бегонагон пул бидиҳанд ва аз онҳо силоҳ бихаранд ва анбор кунанд, аммо ҳатто натавонанд аз он силоҳҳо истифода кунанд ва ё аз он тарафи дунё биёянд дар кишваре пойгоҳи бизананд ва хуни миллати

онро бимаканд то иқтидор як хонадонро ҳифз кунанд; Инҳо намунаҳои ҳамоқат ва зиллат аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, далели дигари қудрат ва иқтидори миллати Эронро ташкили эътилофҳои минтақаӣ аз ҷониби Амрико барои муқобила бо низоми Ҷумҳурии исломӣ донистанд ва афзуданд, агар Амрико метавонист ба танҳоӣ ба аҳдофи худ бирасад, ниёзе ба ташкили эътилоф бо кишварҳои русиёҳ ва муртаҷеъи минтақа надошт.

Эшон ҳамчунин таъкид карданд, он рӯзе, ки миллати Эрон дар ҷойгоҳе қарор гирад, ки душманон ҷуръати таҳоҷуми низомӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсиро надошта бошанд, дер нахоҳад буд ва ҷавонон он рӯзро хоҳанд дид.

 

Барчасп