Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Сиёсати шайтонии Амрико дар бораи Фаластин ҳаргиз амалӣ намешавад
(last modified 2018-07-16T09:28:37+00:00 )
Июл 16, 2018 14:28 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Сиёсати шайтонии Амрико дар бораи Фаластин ҳаргиз амалӣ намешавад

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (душанбе) дар дидори дастандаркорони ҳаҷ таъкид карданд: Сиёсати шайтонии Амрико дар бораи Фаластин ҳаргиз амалӣ намешавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба тамаркузи душманон барои муқобила бо мусалмонон, ба вижа дар мавзӯи Фаластин ва дар қазоёи Яман ишора ва хотирнишон карданд: Акнун амрикоиҳо номи сиёсати шайтонии худ дар бораи Фаластинро "муомилаи қарн" гузоштаанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд: Аммо онҳо бидонанд, ки ба фазли илоҳӣ ин муомилаи қарн ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд ва ба кӯрии чашми давлатмардони Амрико, қазияи Фаластин аз ёдҳо нахоҳад рафт ва Қудс пойтахти Фаластин боқӣ хоҳад монд. 

Эшон бо таъкид бар ин ки миллати Фаластин дар баробари ин тавтеа хоҳад истод ва миллатҳои мусалмон низ пуштибони мардуми Фаластин хоҳанд буд, афзуданд: Албатта, бархе давлатҳои исломӣ, ки ҳеч эътиқоде ҳам ба Ислом надоранд, ба далели ҳамоқату ҷаҳолат ва тамаъҳои дунявӣ пешмарги амрикоиҳо шудаанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Ба тавфиқи илоҳӣ уммати исломӣ ва миллати Фаластин бар душманони худ пирӯз хоҳанд шуд ва хоҳанд дид он рӯзеро ки решаи режими ҷаълии саҳюнистӣ аз сарзамини Фаластин канда шавад.

Эшон ҳамчунин бо ишора ба фоҷеаи Масҷидулҳаром ва фоҷеаи Мино дар соли 2015, онро зулме бузург хонданд ва бо таъкид бар лузуми пайгирии мустамар ва ҷиддӣ барои ҳақро ба ҳақдор расонидан, тасреҳ карданд: Ин мутолиба ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш шавад, зеро дар ин ду фоҷеа таъмини эминӣ ва амнияти ҳоҷиён, ки муҳимтарин вазифаи ҳукумати Арабистон аст, риоят нашуд ва дия (хунбаҳо)-и мақтулон низ дода нашуд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо таъкид бар ин ки Каъбаи шарифу Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ мутааллиқ ба ҳамаи мусалмонон аст ва на мутааллиқ ба касоне, ки бар он сарзамин мусаллат ҳастанд, афзуданд: Касе ҳақ надорад монеъ аз таҳаққуқи мафоҳими воқеии ҳаҷ шавад.  

Барчасп