Таъкиди раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба бархӯрди қотеъ бо авомили террористии ҳамла дар Аҳвоз
(last modified 2018-09-22T13:20:29+00:00 )
Сентябр 22, 2018 18:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба бархӯрди қотеъ бо авомили террористии ҳамла дар Аҳвоз

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони рӯзи шанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо  Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар ва Ғуломризо Шариатӣ, устондори Хузистон (ҷануби ғарби Эрон) ба бархӯрди қотеъ бо авомили террористии ҳамла дар Аҳвоз таъкид кард.

Гурӯҳаки террористӣ такфирии “Ал Аҳвозия”, ки мавриди ҳимояти Лондон ва Риёз аст, соли гузашта низ ба корвони боздид аз манотиқи роҳёни нур ҳамла кард, рӯзи шанбе аз парке дар ҳошияи баргузарии режа(парад)-и нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз ба самти мардуми тамошочӣ тирандозӣ кард, ки бар асари ин ҳамла, теъдоде аз мардуми бе гуноҳ аз ҷумлаи теъдоде зану кӯдак шаҳид ва ё захмӣ шуданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар ҷараёни тозатарин гузориши ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз ва раванди шиносоӣ ва расидагӣ ба вазъияти маҷрӯҳони ин ҳамла, қарор гирифт ва дастуроти лозимро содир кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дасуроти лозимро ба вазорати иттилооти Эрон барои басиҷи ҳамаи имконоти дастгоҳҳо ва ниҳодҳои амниятӣ ва низомӣ ҷиҳати шиносоии сареи террористҳо ва саршохаҳои иртиботии онон ва бархӯрди қотеъ ва ибратомӯз бо муртабитин ин ҷиноят кард.

Рӯҳонӣ таъкид кард, посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кӯчактарин таҳдид, кубанда хоҳад буд, аммо касоне, ки аз ин террористҳо пуштибонии таблиғотӣ ва иттилоотӣ мекунанд, бояд посухгӯ бошанд.

Генерал Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳам дар бораи ин ҳамлаи террористӣ, гуфт, субҳи имрӯз (шанбе) чаҳор террорист ба самти мардуме, ки дар ҳоли тамошои режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз буданд, шиллик карданд, ки бар асари ин ҳамла 15 нафар ба шаҳодат расиданд.

Вай афзуд, бо иқдоми сареъ ва баҳангоми нерӯҳои амниятии Эрон, се террорист бо посухи мутақобили размандагони ҳозир дар маҳали режа ба ҳалокат расиданд ва нафари чаҳорум низ ки маҷрӯҳ шуда буд, дар бемористон ба ҳалокат расид.

Сухангӯии аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон тасреҳ кард, чаҳор омили ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз вобаста ба сервисҳои ҷосусии Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳастанд ва онон дар ду кишвари ҳошияи Халиҷи Форс, пуштибонии молӣ ва таслеҳотӣ шудаанд.

Ҳамлаи террористӣ ба мардуми тамошочӣ дар режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз ба маънии ноумедии душманон аз эҷоди нооромиҳои хиёбонӣ дар Эрон аст, ки ба тарҳи «тобистони доғ», машҳӯр шуд ва нокомии ин тарҳ боис шуда аст, ки душманон дубора ба ҳамалоти террористӣ ва куштори мардум рӯ оваранд.

 

 

Барчасп