Декабр 10, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар чандҷонибагароӣ ва ҳамкории минтақаӣ барои мубориза бо таҳдидҳои муштарак

Дар баёнияи конфронси Теҳрон бар чандҷонибагароӣ ва ҳамкории минтақаӣ барои мубориза бо таҳдидҳои муштарак таъкид шуд.

Теҳрон рӯзи шанбе мизбони раисони маҷолиси шаш кишвари осиёии ширкаткунанда дар конфронси ҳамкории байналмилалӣ бо ҳадафи пешгирӣ ва муқобила бо терроризм буд.

Раисони маҷолиси Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия дар поёни конфронси Теҳрон дар баёнияе бар нақши меҳварии Созмони Милали Муттаҳид дар осонсозии ҳамкории байналмилалӣ бо ҳадафи пешгирӣ ва муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид карданд.

Баёнияи конфронси Теҳрон ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз асароти мухарриби терроризм бар сулҳ, амният ва тавсеа, решакан кардани тамоми шаклҳои терроризм дар минтақа ва канор гузоштани меъёрҳои дугона дар муқобила бо терроризмро зарурӣ донист.

Кишварҳои ширкаткунанда дар конфронси Теҳрон ҳар як ба навъе аз терроризм садама дидаанд. Дар айни ҳол дар ин маҷмӯа таҷрибаҳои арзишманде аз ҳамкорӣ барои мубориза бо терроризм вуҷуд дорад, ки истифода аз он барои решакан кардани терроризм дорои аҳамият аст.

Ҳамалоти террористӣ дар Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия тасвире равшан аз як таҳдиди ҷамъиро нишон медиҳад, ки муқобила бо ин таҳдид ниёзманди ҳамкории ҷамъӣ аст. Мабоҳиси муҳиме, ки дар ин чорчӯб дар конфронси Теҳрон матраҳ шуд, баёнгари ин нукта аст, ки шаш кишвари меҳвари ин ҳамкорӣ омодаи тавсеаи ҳамкориҳо аз тариқи эҷоди як созукори вижа барои табодули иттилоот баҳри мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир ду таҳдиди ҷиддӣ, яъне терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба унвони манбаи таъмини молӣ фаъолиятҳои террористӣ дар минтақа вуҷуд дорад, ки бахши аслии он дар Афғонистон ва Покистон қарор дорад ва табаоти он мутаваҷҷеҳи кишварҳои дигар аст. Ба ҳамин хотир, раисони маҷолиси шаш кишвари ширкаткунанда дар конфронси Теҳрон аз тамоми талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон ва ҳазфи таҳдидоти минтақаии терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир истиқбол карданд.

Амрико ва бархе кишварҳо, ки худро муддаии мубориза бо терроризм медонанд, дар воқеъ ба дунболи якҷонибагароӣ ҳастанд ва аз терроризм истифодаи абзорӣ мекунанд. Ин рафторҳо боис шуда, кишварҳои минтақа барои мубориза бо терроризм худ ба фикри сомондеҳии низоми минтақаӣ бошанд, ки намунаи боризи он ҳамкории Эрон, Туркия ва Русия дар бораи Сурия аст, ки намунаи муваффақ будааст.

Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар маросими ифтитоҳияи дувумин конфронси раисони маҷолиси шаш кишвари минтақа бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз замони таъсис то кунун ба унвони бузургтарин қурбонии терроризм бо ин падидаи шум мувоҷеҳ будааст, ҳашт роҳкорро барои таҳаққуқи минтақаи қавитар ироа кард ва гуфт, Теҳрон барои мушорикат дар сохти ин минтақаи қавитар омода аст.

Таҳкими пайвандҳое чандҷониба ва дуҷониба, эҷоди амнияти шабакаӣ бо ҳамаи ҳамсоягон, мушорикати ҷиддӣ дар фароянди сулҳсозӣ дар минтақа, тақвияти ҳамаҷонибаи қудрати дифоӣ ва чандҷонибагароӣ дар дипломатия ва қарордодҳои тиҷорӣ аз ҷумлаи роҳбурдҳое аст, ки раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар конфронси Теҳрон матраҳ кард.

Ли Ҳён, коршинос ва таҳлилгари расонаии Чин бо ишора ба нақши ғайриқобили инкори Эрон дар мубориза бо терроризм мегӯяд, нақши Эрон дар мубориза бо терроризм дар минтақа қобили чашмпӯшӣ нест.

Ли Ҳён терроризмро барои ҳамаи кишварҳои минтақа хатарнок донист ва дар баёни аҳамияти талошҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои барқарории амният дар минтақа афзуд: Агар мубориза бо терроризм тазъиф шавад, кишварҳои мухталифи дунё дар маърази ноамнӣ қарор хоҳанд гирифт.

Бетардид имрӯза амният абъоди густурдатаре нисбат ба гузашта дорад. Дар ин росто роҳбурдҳое, ки аз сӯйи раисони маҷолиси Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия ба конфронси Теҳрон ироа шуд, мутазамини ҳифзи амнияти ҷамъӣ бо мушорикати кишварҳои минтақа аст.