Декабр 16, 2018 14:07 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Зариф аз мавзеи Амрико дар қиболи қатъномаи 2231-и Шӯрои амният

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Алҷазира” иддаои мақомҳои амрикоӣ мабнӣ бар нақзи қатъномаи 2231-и Шӯрои амният аз ҷониби Эронро рад кард.

Вазири умури хориҷии Эрон, ки ба манзури ширкату суханронӣ дар Нишасти байналмилалии Доҳа ба Қатар сафар кардааст, дар ин мусоҳиба бо баёни ин ки Амрико бо хурӯҷ аз БарҶОМ ба сароҳат қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милалро нақз кардааст, таъкид кард, онҳо дар мавқеияте нестанд, ки дар бораи ин қатънома ҳарф бизананд. Зариф бо ишора ба ин ки ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳад БарҶОМ боқӣ бимонад, изҳор кард, Амрико ҳар он чӣ, ки тавониста, барои тазъиф ва аз байн бурдани БарҶОМ анҷом додааст, аммо ҷаҳониён қулдрии Амрикоро нахоҳанд пазируфт.

Сиёсате, ки Амрико дар минтақа ва алайҳи Эрон дар пеш гирифта, мубтанӣ бар рӯйкардҳои мудохилаҷӯёна ва буҳронсозӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ду сол қабл дар суханоне дар конфронси амниятии Мюнхен гуфта буд, дар дунёи мубтанӣ бар ҷаҳонӣ шудан таҳаққуқи амният ба қимати ноамнии дигарон талоши ғайривоқеӣ аст. Акнун низ вазъияти минтақа дар ҳамон мадор қарор дорад ва Амрико бо иттиҳомсозиҳои мавҳум ба дунболи тавҷеҳи мудохилоташ дар минтақа аст. Тасвирсозиҳои нодуруст шояд барои муддати кӯтоҳ ва ба сурати муваққат битавонад зеҳнҳоро аз аҳдофи воқеии Амрико дар минтақа дур кунад, аммо ин сиёсат дар ниҳоят ҳеҷ кумаке ба ҳалли буҳронҳои таҳмилшуда бар минтақа намекунад. Нақши Амрико дар ин буҳронсозӣ ба унвони омили аслии буҳронҳои минтақа қобили пинҳон кардан нест. Амрико дар ҳоле ки худ дар ғарби Осиё дахолат мекунад, Эронро ба мудохила дар умури минтақа муттаҳам мекунад. Вазири умури хориҷии Эрон дар Доҳа тасреҳ кард, Эрон ба ҳар ҷое, ки мушовири низомӣ эъзом карда, ба дархости расмии давлати он кишвар будааст ва Эрон танҳо замоне аз Сурия хориҷ мешавад, ки давлати ин кишвар дархост кунад.

Амрико бо иттиҳом задан ба Эрон, ба гумони худ, соддатарин роҳи инҳирофи зеҳнҳо аз воқеиятро дар пеш гирифтааст. Навом Чомский, назарияпардози амрикоӣ дар таҳлили ин сиёсати Амрико мегӯяд, ҳадафи стратегии Амрико таҳкими эътилофи дар ҳоли тавсеаи Исроил ва кишварҳои арабӣ ҷиҳати пайвастани онҳо ба тақобулаш бо Эрон аст. Зеро Эрон бо султаталабии Амрико дар минтақа муқобила ва озодии Исроил барои тавассул ба хушунатро маҳдуд мекунад.

Амрико барои тавҷеҳи мудохилоташ дар минтақа тавассути бархе кишварҳои минтақа буҳрон месозад ва ба ин буҳронҳо доман мезанад. Мутаассифона, ҳамсӯ бо ин ҷараён бархе аз кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс бо хариди миллиардҳо доллар силоҳ вориди ҷараёни ҷангҳои ниёбатӣ шудаанд, ки дар Сурия ва Яман шоҳиди натоиҷи асафбори он ҳастем. Зариф дар ин замина тасреҳ кард, Арабистон ва Иморот бо таслиҳоти воридотӣ аз Амрико ва Англия Яманро ба ҷаҳаннам табдил кардаанд ва даҳ ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар ба таври мустақим дар ҳамалоти ҳавоии эътилофи Саудӣ ба Яман кушта шудаанд.

Суханони Зариф дар Доҳа паёми равшане дорад. Кишварҳои минтақа бояд талош кунанд, аз ин чолишҳо убур кунанд ва ба самти эҷоди тартиботи амниятии воқеъгароёна ҳаракат кунанд; ҳаракате, ки битавонад бар мабнои гуфтугӯи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бар асоси аҳдофи муштарак ва дар ҷиҳати амнияти ҳама миллатҳо оғоз гардад.