Январ 16, 2019 18:07 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба боздошти хабарнигори амрикоии шабакаи эронӣ

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон боздошти хабарнигори амрикоии шабакаи эронии Преес Тивиро намунаи боризи рафтори режими апартеид бо рангинпустон донист ва онро маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ гуфт: Рафтори маъмурони давлати Амрико бо Марзияи Ҳошимӣ, шаҳрванди мусулмони амрикоӣ, нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст ва нишон медиҳад, ки давлати Амрико худ дар амал ба ҳеҷ як аз усуле, ки онро дастовези ҳамла ба мунтақидонаш қарор медиҳад, пойбанд нест.

Вай афзуд:‎ Боздошти бидуни далели як шаҳрванд ва хабарнигори мусулмони рангинпуст, рафторҳои таҳқиромез ва ғайриинсонии маъмурони давлати Амрико ва азияту озори ин хонуми муътақид ба ислом, намунаи боризи рафторҳоест, ки як режими апартеид бо шаҳрвандони ғайрисафедпусти худ анҷом медиҳад.

Қосимӣ таъкид кард, Эрон бархурдории Марзияи Ҳошимӣ аз куллияи ҳуқуқи аввалия ва инсонӣ ва озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти вайро аз боздошти ғайриқонунӣ хостор аст.

Марзияи Ҳошимӣ, хабарнигори амрикоии шабакаи Преес Тивии Эрон барои дидор бо хонаводаи худ ба Амрико сафар карда буд, ки дар онҷо боздошт шуд ва аз якшанбе то имрӯз бидуни тафҳими иттиҳом дар шароити сахт дар боздошт аст.

 

 

Барчасп